01:14 28 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.23
  • RUB0.13
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
1318 0 0

Вазорати тандурустии Ӯзбекистон иттилоъ дод, ки теъдоди гирифторони коронавирус дар ин кишвар ба 298 нафар расид

ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. То имрӯз теъдоди мубталоёни коронавирус дар Ӯзбекистон ба 298 нафар баробар шуд, ки 102 нафарашон аз хориҷа баргаштанд.

Ба иттилои Вазорати тандурустии Ӯзбекистон, аз ҷумла 46 мутбалои коронавирус аз Русия, 45 нафар аз Туркия, 5 мариз аз Британияи кабир, ду нафарӣ аз Фаронсаю Имороти Араб ва якнафарӣ аз Арабистони Саудию Швейтсария омадаанд.

Ба далели афзоиши босуръати мубталоёни коронавирус мақомоти Ӯзбекистон аз 6 апрели соли равон дар Тошканду шаҳрҳои марказии дигар низоми ҳатмии худинзивоъро ҷорӣ мекунанд.

Ахиран дар бадани 32 нафаре, ки дар карантин қарор доштаанд, COVID-19 ошкор карда шуд.

Дар ҳамин ҳол мақомоти Қазоқистон гузориш доданд, ки то имрӯз дар бадани 551 нафар COVID-19 ошкор кардаанд. Теъдоди фавтидагон аз ин вирус дар Қазоқистон ба 6 нафар расид. Ахиран марди 54-сола бар асари ин маризӣ ҷон дод.

Дар Қазоқистон аз 16 март ҳолати фавқулодда эълон шуда, шаҳрҳои Нурсултону Алмаато аз 19 март дар карантин қарор доранд.

Барчаспҳо:
нав, вирус, Қазоқистон, Ӯзбекистон

Мавзӯъҳои асосӣ