10:29 20 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
227310

Игор Бузин, шаҳрванди Тоҷикистон, ки солҳои охир дар шаҳри Санкт-Петербург кор мекунад, баъди саргардониҳои зиёду даҳҳо соати парвоз ҳоло ба Минск расидааст

ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Бузин, ки ахиран аз фурудгоҳи Пулковаи Санкт-Петербург дар як ҳавопаймо танҳо бозпас ба Қатар фиристода шуд, ниҳоят ба шаҳри Минск расид.

Ӯ изҳор дошт, ки аз Доҳа ба Минск тариқи Порис парвоз карду як муддат дар ин шаҳр хоҳад монд. Бузин дар суҳбат бо расонаҳои Русия изҳор дошт, ки наздиконашро хеле пазмон шудааст, аммо ночор барои муҳлати намуайян дар Минск хоҳад монд. Ӯ тавзеҳ додааст, ки муносибати масъулини Белорус бо ӯ хуб буда, баъди санҷиши ҳарораташ ӯро раҳо кардаанд ва феълан пайи пайдо кардани манзил барои худ мебошад.

Бузин, ки дар шабакаи фурушгоҳҳои “Петрович” кор мекунад, 16 март барои истироҳат ба Шри-Ланка рафта, бояд 26 март тариқи Доҳа ба Маскав бармегашт. Аммо ба далели марзбандиҳо саргардон шуд. Бо миёнаравии дипломатҳои Тоҷикистону Русия ахиран ба Санкт-Петербург парвоз кард, аммо марзбонҳо ба далели огоҳӣ надоштан аз созиши дипломатҳо ӯро бозпас ба Қатар фиристода буданд. Ӯ мегӯяд, танҳо тайи ду рӯзи охир беш аз 20 соат парвоз дошт.

Русия ахиран бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус вуруди тамоми шаҳрвандони хориҷиро мамнӯъ кард.

Барчаспҳо:
беморӣ, парвоз, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ