05:56 06 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
1527 0 0

Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, зимни як ҷаласа дар шаҳри Хуҷанд аломатҳои фарқкунандаи короновирус аз бемориҳои дигари монандро шарҳ дода, ба мансабдорон роҳи пешгирии воҳима миёни мардумро гуфт

ДУШАНБЕ, 7 апр – Sputnik. Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ба масъулини Хуҷанд бобати огоҳонидани мардум аз ин беморӣ дастур дода, таъкид намудааст, ки дар ҳоли доштани маълумоти асоснок ҳеҷ кас ба воҳимаву овозаҳои бардурӯғ дода нахоҳад шуд.

Ӯ дар ҷаласаи ситоди омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, дар шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла вазъи эпидемиологӣ ва чораҳои пешгирикунанда аз сирояти вируси коронаро баррасӣ карда, нишонаҳои фарқкунандаи бемории коронавирусро шарҳ додаст.

“Аломати аз ҳама муҳими вируси корона ин ҳарорати баланди бадан аст. Баъдан хастагие, ки дар бадан пайдо мешавад. Одатан байни чор касалӣ мо қарантина мегузаронем: Инҳо касалии зуком, шамолхурӣ аллергия ва коронавирус аст. Ин касалиҳо кам-кам ба ҳам монанд ҳастанд, аммо дар байни ин бемориҳо баландшавии ҳарорат аз ҳисоби коронавирус тенденсияи пастшавӣ надорад. Сулфае, ки дар нафари сироятшуда ба коронавирус пайдо мешавад садои хос дошта, балғами зиёд надорад, балки сулфаи хушк аст”, - гуфт Шодихон Ҷамшед.

Ӯ афзуд, дар чунин ҳол нисбати ҳар шаҳрванде, ки аз кишварҳои манбаи зуҳури ин беморӣ вориди Тоҷикистон мешаванд, тадбирҳои қарантинӣ роҳандозӣ мегарданд.

Зимни ҷаласа ба масъулини Хуҷанд дастур дода шудааст, ки дар муассисаҳои беҳдоштӣ риояи қоидаҳои тамизкорӣ ва безараргардонии бинову коргоҳҳоро тақвият дода, шумораи рахтҳои хоб бо таҷҳизоти таъмини сунъии ҳаворо зиёд карда, маводи безараргардонӣ ва доруворӣ захира карда шавад.

Таъкид гардидааст, ки баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз ин беморӣ, аз чораҳои муассири пешгирикунанда дар баробари тадбирҳои тиббӣ мебошанд.

Барчаспҳо:
ошкори вирус, Вазорати тандурустӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ