04:10 30 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
482 0 0

Бо пешниҳоди Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ 8 нафар вирусологи тоҷик барои дақиқ ташхис кардани коронавирус дар шаҳри Маскав бо омӯзиш фаро гирифта шуданд

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз дар кишвар озмоишгоҳи махсуси бехатарии сатҳи баланд мавҷуд мебошад, хабар додааст “Ховар”.

Ба иттилои Вазорати танудурустӣ,   барои муқовимат бо коронавирус тамоми захираҳо равона карда шуда, қариб 4,5-5 ҳазор катҳои иловагӣ омода карда шудаанд. Манбаъ таъкид кардааст, ки дар ҳолати пайдо шудани коронавирус  беморон пурра ба табобат фаро гирифта мешаванд.

“Ҳоло озмоишгоҳҳои мамлакат барои муайян намудани сирояти коронавирус ва нишонаҳои он пурра омода мебошанд. Айни замон дар озмоишгоҳҳои ҷумҳурӣ 25 ҳазор тестҳои оҷилӣ барои  муайян намудани коронавирус мавҷуд буда, қариб  3 ҳазор нафар шаҳрвандон аз ташхиси тестии коронавирус гузаронида шуданд, ки хушбахтона,  ҷавоби ҳамаи онҳо манфӣ баромад”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ таъкид кардааст, ки аз ин шумора барои муқоиса кардан 22 ташхис ба  шаҳри Лондон ва 9  ташхиси   дигар ба шаҳри Маскав равон карда шуданд ва натиҷаи онҳо низ  манфӣ баромад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандони мамлакат даъват кардаст, ки ба ҳар гуна хабару овозаҳои бардурӯғ вобаста ба  гирифтор шудани шаҳрвандон ба сирояти коронавирус бовар нанамоянд.

Ин ниҳод илова намудааст, ки вобаста ба масъалаҳои коронавирус дар назди вазорат таҳти рақами 511 телефони боварӣ таъсис дода шудааст, ки  ба таври шабонарӯзӣ фаъолият мекунад ва шаҳрвандон метавонанд тариқи он ба суолҳояшон посух гиранд.

Барчаспҳо:
ошкори вирус, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ