07:51 27 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.26
  • RUB0.14
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
764 0 0

Раёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар вилояти Суғд эълон кард, ки ҳодисаи гирифторшавӣ ба бемории коронавирус дар вилоят ба қайд гирифта нашудааст

ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Ба нақл аз рӯзномаи “Садои мардум” Илҳом Пӯлотзода, сардори Раёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Тоҷикистон дар вилояти Суғд таъкид доштааст, ки барои пешгирии коронавирус чораву тадбирҳои мушаххас андешида шудааст.

Вай афзуд, ки то 6 апрели соли равон дар маҷмӯъ, зиёда аз 800 нафарро аз қарантина ҷавоб дода, боқӣ 1086 нафар зери назорат қарор доранд. Бештари бистаришудагон мардон мебошанд.

Ҳамзамон дар шуъбаҳои сироятии беморхонаҳои марказии шаҳру навоҳии вилоят 1030 кат ва 3 беморонаҳои сироятӣ бо 1700 кати захиравии қарантина ташкил карда шудааст.

“Барои пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ дар муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои тиббии маркази вилоят дорувориҳои зиддивирусӣ ба миқдори 44500 дона (4450 конвалюта), маҳлулҳои безараргардонӣ (дезинтоксикатсионӣ) зиёда аз 11000 шиша, маводҳои муҳофизӣ, ба монанди-ниқоб 152000 дона, респиратор 5000 дона, айнак 600 адад, пойпӯшаки яккарата 5000 дона, корҷомаҳои яккарата ва бисёркарата 4000 адад ва дастпӯшакҳои яккаратаву бисёркарата ба миқдори  зиёда аз 120 000 ҷуфт захира гардидааст”, - таъкид доштааст  Илҳом Пӯлотзода.

Инчунин, дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ нуқтаҳои санитарию қарантинӣ амал мекунад. Мутахассисони эпидемиолог ва сироятшинос бо дастгоҳҳои ҳароратсанҷи фосилавӣ ҳар як шаҳрванди аз сарҳад гузаштаро дақиқ месанҷанд.

Наздик ба ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ва хориҷӣ, ки аз гузаргоҳҳои сарҳадӣ гузаштаанд, ба муассисаҳои тиббии вилоят тавассути нақлиётҳои махсуси тиббӣ интиқол ва бистарӣ шудаанд.

Ҳамзамон, дар як қатор корхонаҳои дӯзандагӣ тайёр кардани ниқоби тиббӣ вусъат гирифтааст.

Бино ба гуфти масъулони шуъбаи саноати Дастгоҳи раиси вилоят, айни ҳол ҶДММ “Ҷавонӣ”, “Нассоҷи Хуҷанд” ва сехи дӯзандагии соҳибкори инфиродӣ аз ­ноҳияи  Ҷ. Расулов, Бозорбой Ғолибов фармоиши тайёр кардани ниқобҳои тиббиро гирифтаанд.

Айни ҳол дар ин корхонаҳо ҳар рӯз беш аз панҷ ҳазор ниқоби тиббӣ дӯхта мешавад.

Тибқи супориш дар муассисаҳои тандурустӣ бояд то 1 миллион дона ниқоби тиббӣ захира карда шавад.

Барчаспҳо:
мақомот, шарҳ, аҳолӣ, қайд, вирус, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ