12:29 29 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.35
  • RUB0.14
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
158 0 0

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард, то кунун 32 ҳазору 309 нафар аз касоне, ки дар ин кишвар ба вируси корона мубтало шудаанд, беҳбуд ёфта, аз бемористонҳо мураххас шудаанд

ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси маркази равобит умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи панҷшанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигорон дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар кишвар иттилоъ дод, навиштаст Парстудей.

Ҷаҳонпур гуфт, то кунун беш аз 66 ҳазор нафар дар Эрон ба вируси корона мубтало шудаанд, ки бо фавти 117 нафар дар 24 соати гузашта, теъдоди ҷонбохтагони ношӣ аз ин вирус ба 4 ҳазору 110 нафар расид.

Манбаъ афзуд, ки ҳамзамон бо иқдомоти пешгирона ва дармонии давлати Эрон бо кумаки нерӯҳои мусаллаҳ, фароянди ташхиси зудҳангом, радёбии афрод дар тамос бо мубталоён, ҷудосозии беморон (карантин) ва  дармони афроди мубтало ба вируси корона бо ҳамроҳии ҳамаи ақшори мардуми Эрон, ба суръат дар ҳоли анҷом аст.

Вируси корона, ки номи расмии он “Ковид-19” аст, авохири соли гузашта дар шаҳри Вуҳони Чин шиносоӣ шуд.

Ҳамакнун тақрибан тамоми кишварҳои ҷаҳон даргири муқобила бо вируси корона ҳастанд.

Бо наздик шудани теъдоди афроди мубтало ба ин вирус ба беш аз як миллиону 524 ҳазор нафар дар саросари дунё, то кунун беш аз 88 ҳазор нафар аз ин теъдод ҷони худро аз даст доданд ва беш аз 332 ҳазор нафар низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Мавзӯъҳои асосӣ