Тоҷикистон шумори дақиқи нафарони ба қарантина фаро гирифташударо эълон кард

© © Facebook / Дилрабо СамадоваПассажиров отправляют на карантин
Пассажиров отправляют на карантин - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳури Тоҷикистон маълумот додааст, ки то 9 апрели соли равон дар ин кишвар 2 ҳазору 14 нафар зери назорати қарантина қарор доранд

ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар додааст, ки аз 1 феврал то  8 апрели соли равон дар ҷумҳурӣ 7 ҳазору 257 нафароне, ки аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба қарантина фаро гирифта шуданд.

Тест на коронавирус - Sputnik Тоҷикистон
Як шабонарӯз: фавти 13 дардманд ва сироят шудани 1459 нафар ба коронавирус дар Русия

Манбаъ қайд кардааст, ки то 8 апрели соли равон 5 ҳазору 243 нафари онҳо ба хонаҳояшон мураххас шуданд.

Ҳамчунин манбаъ зикр кардааст, ки дар ҳоли ҳозир дар кишвар 2 ҳазору 14 нафари дигар зери қарантина  қарор доранд.

Ҳамзамон вазорати тандурустӣ қайд кардааст, ки то имрӯз дар Тоҷикистон ягон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Вазорати тандурустӣ таъкид доштааст, ки бо мақсади  пешгирӣ аз сирояти  коронавирус имрӯз дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ телефони боварӣ бо  рақами 511 фаъолият дорад ва шабонарӯзӣ фаъол мебошад.

“Шаҳрвандон метавонанд дар ҳолати пайдо шудани нишонаҳои ин беморӣ  ва дигар ҳолатҳои ба он алоқаманд фавран  ба рақами 511 занг зада,  хабар диҳанд”, - зикр кардааст вазорат.

Лентаи хабарҳо
0