18:52 01 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.62
  • RUB0.15
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
1359 0 0

Мелита Вуйнович, намояндаи Созмони ҷаҳонии беҳдош дар Русия гуфт, дар ин ҳолат ниқобҳо аз коронавирус ҳифз карда наметавонанд

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Ниқобҳои тиббӣ метавонанд хатари гирифтор шудан ба намуди нави коронавируси COVID-19-ро зиёд кунанд, гуфт, Мелита Вуинович, сухангӯи СУТ дар Федератсияи Русия дар шабакаи телевизиони "Россия-1".

Вуйнович гуфт, ҳангоми истифодаи ниқоб, ҳушёририи  шахс суст шуда, метавонад  дигар чораҳои эҳтиётиро сарфи назар намояд. Дар ин ҳолат, хатари сирояти коронавирус якчанд маротиба меафзояд, гуфт ӯ.

"Аслан ниқоб зарар надорад. Зарар дар он аст, ки одамон метавонанд рафтори худро тағйир диҳанд",- гуфт сухангӯи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ.

"Агар шумо танҳо ниқоб пӯшед ва ҳама чизи дигарро тарк кунед - масофаро нигоҳ надоред, дастатонро нашӯед - аниқ бемор мешавед. Масофаи ҷисмонӣ бештар аз ниқоб аз сироят муҳофизат мекунад ”,- гуфт Вуйнович.

Намояндаи ТУТ қайд кард, ки танҳо бояд ниқоби хушкро истифода кард ва ҳар ду соат онро иваз кард, то ки манбаи сироят нашавед.

Тибқи омори ахир, 13 апрел дар Русия 18 ҳазору 328 ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуда, 148 нафар аз ин беморӣ вафот карданд ва 1470 нафар бемор шифо ёфтанд.

Авохири моҳи декабр мақомоти Чин аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар доданд.

Сипас муайян шуд, ки барангезандаи ин маризӣ коронавирус - 2019-nCoV мебошад. Нахустин мубталоёни ин вируси навро дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо карданд. 

Вирус зуд берун аз шаҳр ва кишвар паҳн гардид.

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт рӯзи 11 - уми март, маризии коронавирусро пандемия эълон кард. Афзоиши мубталоён дар кишварҳо дар ҳолест, ки дар Чин, сарчашмаи ин вирус ҳолатҳои гирифторшавӣ ба он майли коҳиш дорад.

 

 

Барчаспҳо:
сироят, саломатӣ, вирус, ТУТ

Мавзӯъҳои асосӣ