Коронавирус дар ИДМ: шумори мубталоён дар Ӯзбекистону Қазоқистон аз 1 ҳазор нафар гузашт

© Sputnik / Антон Подгайко / Гузариш ба медиабонкДезинфекция
Дезинфекция  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тибқи оморҳои интишоркардаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт, шумораи шахсони гирифтор ба коронавирус дар Қазоқистон ва Ӯзбекистон беш аз ҳазор нафар гардида, мутаносибан 1179 ва 1054 нафарро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 14 апр - Sputnik. Тибқи иттилои Созмони ҷаҳонии беҳдошт (СҶБ) шумори нафароне, ки дар Қазоқистон ва Ӯзбекистон шифо ёфтаанд, мутаносибан ба 138 ва 85 нафар ва шумораи онҳое, ки фавтидаанд, ба 14 ва 4 нафар расидааст.

Выборы в парламент Таджикистана- Москва 2020 год - Sputnik Тоҷикистон
Сафорат: агар нишонаҳои коронавирус мушоҳида шавад, зуд ба ёрии таъҷилӣ занг занед

Ҳамзамон дар дигар кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), аз ҷумла дар Русия – 18 328 ҳолат, Украина — 3372, Беларус – 2919, Молдова – 1712, Озарбойҷон – 1148, Арманистон – 1039 ва Қирғизистон 430 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ошкор гардид.

То имрӯз дар Русия 1470 нафар, Озарбойҷон – 289, Арманистон  – 211, Беларус – 203, Молдова – 107, Қазоқистон – 138, Украина — 119, Ӯзбекистон – 85 ва Қирғизистон – 71 нафар шифо ёфта, ба манзили зист баргаштанд.

Ҳамзамон дар Россия 148 ҳолат, Украина – 98, Молдова – 35, Беларус – 29, Арманистон – 14, Қазоқистон – 14, Озарбойҷон – 12, Қирғизистон – 5 ва Ӯзбекистон  4 ҳолати фавти беморони гирифтори коронавирус ба қайд гирифта шуд.

Миёни кишварҳои ИДМ то имрӯз танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, дар Афғонистони шумораи мубталоён ба коронавирус 665 нафарро ташкил медиҳад, ки 32 нафари онҳо шифо ёфта, 21 тани дигар вафот кардаанд.

Тибқи иттилои СҶБ, шумори мубталоён ба коронавирус дар ҷаҳон 1 миллиону 925 ҳазору 224 нафар расидааст, ки аз ин 119 ҳазору 702 нафар вафот карда, 447 ҳазору 948 кас шифо ёфтаанд ва 51 ҳазору 157 тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Лентаи хабарҳо
0