Дари масоҷид дубора дар Тоҷикистон баста шуд: намози таровеҳ ва панҷвақтаро дар хона хонед

© Sputnik / Амир ИсаевПраздничный намаз на Иди Курбон в Душанбе
Праздничный намаз на Иди Курбон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шӯрои уламои Тоҷикистон дар пайравӣ бо дигар кишварҳои мусалмонӣ бинобар сабаби пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус гузаронидани намози панҷвақта ва таровеҳро дар масоҷиди кишвар манъ кард

ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik.  Шӯрои уламои кишвар дар шарҳи ин тасмим гуфтааст, вобаста ба вазъияти бавуҷудомада доир ба  паҳншавии бемории сироятии коронавирус тибқи таҷрибаи кишварҳои исломӣ, аз ҷумла Арабистони Саудӣ, Туркия, Эрон, Покистон, ки намозгузориро дар масҷидҳо манъ кардаанд, зарурати муваққатан қатъи хондани намоз дар кишвари мо пеш омадааст.

Праздничный намаз на Иди Курбон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Имомхатибон: "Дар хона намоз гузоред!" Кумитаи дин: "Дари масоҷид боз хоҳанд монд!"

Тибқи қарори ин ниҳод, гузоридани намозҳои ҷамоат — панҷвақта, ҷумъа ва таровеҳ дар масҷидҳои кишвар ва ҷамоатхонаҳо то беҳбуд ёфтани вазъият аз рӯзи 18 апрели соли 2020 манъ карда шавад.

Ба иттилои манбаъ, Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон низ чунин тадбирро амалӣ кардаанд. Идораи мусулмонони Ӯзбекистон ҳамчунин доир ба манъи маросими ҳаҷ дар соли 2020 қарори дахлдор ба тасвиб расонид.

Ин ниҳоди динии кишвар гуфтааст, ҳама амалҳои фавриву саривақтӣ танҳо ба хотири ҳифзи саломатӣ ва наҷот бахшидани одамон аз бемории сироятии короновирус мебошад, ки дар ҳақиқат то ба имрӯз ҷони ҳазорҳо нафарро аз байн бурда, садҳо корхонаҳо бекор мондааст. Ба ғайр аз ин мардуми зиёд бо иллати наҷот ёфтан аз офате, ки назирашро инсоният ёд надорад,  дар хонаҳои худ "ҳабс" шуда, умедвори ҳарчи тезтар халос шудан аз ин балоро доранд.

Муфтий Узбекистана Усмонхон Алимов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Намози таровеҳ дар хона, ифтор бо аҳли оила: фатвои муфтиёт ба ӯзбекистониён

"Мо низ бояд дар пайи офияти мардум ва ҳимояи шаҳрвандони худ тамоми чораҳоро мавриди истифода қарор диҳем, то аз ин вабои аср худамон, фарзандонамон, падару модарон ва умуман тамоми сокинони мамлакатамонро новобаста аз мазҳабу дин наҷот бахшем ва Ватани азизамонро аз ҳама хатарҳо ҳифз намоем",- афзудааст манбаъ.

Шӯрои уламо дар такя ба ояҳои Қурон гуфтааст, тибқи фармудаҳои шариати Ислом ҳифзи саломатии инсон дар мартабаи аввал меистад. Дар ин маврид дар Қуръони карим омадааст: "Ва хештанро бо дастҳои худ ба (вартаи) ҳалокат маафканед" (Сураи Бақара, ояти 195).

"Дар чунин вазъият, ки  ҳифзи саломатӣ фарз аст ва намози ҷамоат суннат мебошад, бояд сиҳатии ҳар як бандаи муъмин ҳимоя ва ҳифз шавад. Вобаста ба ин риоя намудани тавсияҳои мутахассисони соҳаи тиб низ муҳим мебошад. Чунонки Худованди таъоло мефармояд: "… агар намедонед, пас, аз аҳли дониш суол кунед"(Сураи Наҳл, ояти 43)",- омадааст дар иттилояи ин ниҳод.

Муфтий Таджикистана Сайдмукаррам Абдулкодирзода - Sputnik Тоҷикистон
Ҷаласаи изтирории Шӯрои уламо барои баҳси масҷидбандӣ: муфтӣ аз вазорат далел хост

Ин ниҳод гуфтааст, дар моҳи Рамазон аз баргузор намудани ҳар гуна ҷамъомад — таровеҳ, ифтор, идгардак ва дигар маъракаҳо манъ карда шавад.
Масоҷиди ҷомеъ ва панҷвақта дар Тоҷикистон бори аввал чоруми марти соли ҷорӣ баста шуданд. Вазорати тандурустии кишвар вазъи беҳдоштии масоҷидро ғайриқаноатбаъш арзёбӣ кард ва Шӯрои уламои Тоҷикистон дар ин робита зимни муроҷиатнома аз мардум хост, ки муваққатан аз намозҳои дастаҷамъӣ, ба ҷуз ҷаноза худдорӣ кунанд.

Рӯзи 19 март Кумитаи дини Тоҷикистон эълон кард, ки корҳои профилактикӣ ва зиддиуфунӣ кардани масоҷид анҷом шуда, шурӯъ аз рӯзи ҷумъа 20 март дари онҳо барои ҷамоат боз мешаванд.

 

Лентаи хабарҳо
0