07:36 06 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
483931

Табиби тоҷик муътақид аст, ки истеъмоли нӯшдоруи “Сиёҳдона” ҳам бо мақсади пешгирӣ ва ҳам бо мақсади муолиҷаи коронавирус муфид аст

ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Сайидвалӣ Ҳикматов, раҳбари ҶДММ “Авитсенна”, дорандаи дипломи “Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон” дар асоси сиёҳдона истеҳсоли нӯшдоруеро ба роҳ мондааст, ки он хосияти зиддибактериалӣ, зиддивирусӣ, зиддиилтиҳобӣ, зиддипаразитӣ, антиоксидантӣ ва қувватбахшии неруи муҳофизатии ҷисм (масуният, иммунитет)-ро дорад.

 Табиби тоҷик муътақид аст, ки истеъмоли нӯшдоруи “Сиёҳдона” ҳам бо мақсади пешгирӣ ва ҳам бо мақсади муолиҷаи коронавирус муфид аст.

Ӯ ин нуктаро зимни як суҳбат бо нашрия “Садои мардум” изҳор дошта гуфтааст, дар таркиби нӯшдору беш аз 100 номгӯй модда ва қариб 50 катализатори биосинтези табиии ҳуҷайраҳо, аз қабили ферментҳо, ҳормонҳо, полисахаридҳо, кислотаҳои чарбӣ, липаза, токоферолҳо, поливитаминҳои гурӯҳҳои А,В,Р,С, равғанҳои эфирӣ ва ғайра мавҷуданд.

“Моддаҳои мазкур барои тавлиди ҳуҷайраҳои нав ва мустаҳкамкунии масунияти инсон заруранд. Витамини Е, ки дар таркиби сиёҳдона фаровон аст, барои муолиҷаи бемориҳои саратонӣ ва системаи дилу рагҳо муҳим аст. Ҳамчунин, сиёҳдона дорои макро ва микроэлементҳои муҳим, ба монанди калтсий, фосфор, калий, магний, оҳан, сулфур, мис, манган, хром, селен, кремний, бор, германий, руҳ ва кобалт мебошад”,- гуфтааст ӯ.

Номбурда гуфтааст, илми тиб исбот кардааст, ки ба воситаи қувват бахшидан ба масунияти инсон дилхоҳ бемориро табобат кардан мумкин аст.

“Таҳқиқоти муосири илмӣ исбот намудааст, ки сиёҳдона масуниятро тақвият мебахшад ва дар хуни инсон якчанд маротиба миқдори Т-лимфоситҳо, Т-киллерҳо ва дигар ҳуҷайраҳои ба муолиҷаи бемориҳо ва тақвиятёбии неруҳои муҳофизатии организм масъулро зиёд мекунад. Аз ин рӯ, истифодаи нӯшдоруи “Сиёҳдона”, равған ва чойи сиёҳдона неруи муҳофизатии ҷисмро қувват бахшида, фаъолияти кории касро баланд мебардоранд”, — мегӯяд Сайидвалӣ Ҳикматов.

"Ивермектин": олимон дору алайҳи коронавирусро пайдо карданд

Ба гуфти ӯ нӯшдоруи “Сиёҳдона” дар баробари муолиҷаи дигар дардҳо, инчунин, барои муолиҷаи бемориҳои пӯст, ҳатто махав (ҷузом) давост. Равғани сиёҳдона ба муқобили заҳри мор ва дигар ҳашароти газанда подзаҳр (зиддизаҳр)- и қавӣ ба шумор меравад.

Барчаспҳо:
пешгирӣ, табобат, вирус, табиб, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ