Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Аз фишорбаландӣ то илтиҳоби шуш: омори фавтҳо дар беморхонаҳои Суғд

© Sputnik / Илья Тимин / Гузариш ба медиабонкОтделение больницы "РЖД-Медицина" перепрофилировали для больных с коронавирусом
Отделение больницы РЖД-Медицина перепрофилировали для больных с коронавирусом - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раёсати тандурустии Суғд, шумори фавти сокинон дар пайи бемориҳо дар бемористонҳои ин вилоятро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 22 апр – Sputnik. Маъруфҷон Ҳоҷибоев, муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд мегуяд, бар пояи оморе, ки онҳо ҳамасола мураттаб мекунанд, дар бемористонҳои ҳудуди вилоят бештар аз 1590 мавриди фавти сокинон ба қайд гирифта мешавад.

Бо ибрози ин нукта Ҳоҷибоев афзуд, ҷойдошти ҳодисаҳои фавт дар бемористонҳо на бояд, барои сокинони кишвар шубҳабарангез бошад, зеро то мавзӯи хуруҷи вируси корона ё COVID -19 ҳам мавридҳои маргу мир аз ҳисоби бемориҳо сабт карда мешаванд.

 “Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки дар як сол дар муассисаҳои тандурустии вилоят, то 1595 нафар мефавтанд, ки ба ҳисоби миёна ҳар рӯз 4 ҳодисаи рост меояд. Аз ҳисоби илтиҳоби роҳи болоии нафас қариб дар ду рӯз як фавт рост меояд. Аз ҳисоби бемориҳои фишорбаландӣ бошад, қариб ҳар рӯз як ҳолати фавт ба қайд гирифта мешавад”,- иброз намуд Ҳоҷибоев.

Муовини сардори Раёсати тандурустии Суғд хуруҷи бемории фишорбаландӣ (гипертония) ро шарҳ дода, гуфт, ки чи гуна ин беморӣ паёмадҳои ногувор ва ҳатто марговар ба вуҷуд оварда метавонад.

Человек в защитной маске - Sputnik Тоҷикистон
Кашфиёти табиби тоҷик: нӯшдоруи "Сиёҳдона" барои пешгирӣ ва муолиҷаи коронавирус муфид аст

"Дар баъзе ҳолатҳо бемории баландфишорӣ ба системаи асаб (майна) таъсир расонда, боис ба фалаҷшавӣ (инсулт) мешавад. Агар ин ҳолат ба дил асар кунад, сактаи қалбӣ (инфаркт) ва агар ба шуш занад, бемории илтиҳоби шуш (ортек легкий) медиҳад, ки он вақт дараҷаи табобатшавӣ ҳам душвортар мегардад”, - афзуд Ҳоҷибоев.

Маъруфҷон Ҳоҷибоев зикр намуд, ки марги Ҳабибулло Шодиев ва Ҳоҷимуҳаммад Тошев ва инак Абдухалил Ҷӯрабоеви 56 – сола, ҳама сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов ва Матлуба Аҳмадҷонова, сокини 60-солаи шаҳри Хуҷанд, ки дар шароити қарантина нигоҳ дошта мешуданд, на бояд мардумро ба шубҳаву гумонҳо аз паёмади коронавирус дар кишвар водор кунад.

Ӯ гуфт, ташхис маълум намудааст, ки сабабаи марги Шодиев, Тошев, Аҳмадҷонова ва Ҷӯрабоев бемории илтиҳоби шадиди роҳи нафас (пневмания) ва фишорбаландӣ (гипертания) будааст.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон мегуяд то санаи 22-уми апрел ҳеҷ мавриди сирояти коронавирус ё COVID - 19 дар манотиқи кишвар ба қайд гирифта нашудааст. Ба ин минвол Тоҷикистон дар баробари Туркманистон яке аз кишварҳо дар Осиёи Марказӣ арзёбӣ мешавад, ки аз сирояти бемории коронавирус эмин мондааст. Аммо паҳни хабарҳо дар бораи мавридҳои фавт аз ҳисоби қарантиншудаҳо, умдатан аз бемории илтиҳоби шуш (пневмания) дар минтақаҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе ҳоло бисёриҳоро нигарон кардааст.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон тасмими қарантикунии сокинонро пешгирӣ аз эҳтимолияти паҳни коронавирус шарҳ дода, иттилоъ медиҳад, ки аз 1-уми феврал то рӯзи 20 - уми апрел, 8212 шаҳрвандоне, ки аз хориҷ ба кишвар ворид шудаанд дар муассисаҳои тиббии ҳудуди ҷумҳурӣ ба қарантин фаро гирифта шуда, то ин вақт 7129 нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

Вид на Дворец президента в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Дар онҳо коронавирус нест: Вазорат охирин омори қарантиншудагонро дар Тоҷикистон гуфт

Ҳоло 1083 нафар дар карантин қарор доштаанд. Вазорати тандурустӣ бо нашри иттилоъ дар сомонаи расмии худ аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки дар ҳолати мушоҳида гардидани аломатҳои хастакунанда ба мисли таби баланд, сулфаи хушк, сӯзиши қафаси сина, фавран ба табиби оилавӣ ё минтақавии маҳалли зисти хеш занг зананд ва онҳоро ба хонаашон даъват намоянд.

"Дар вақти ташриф овардани табибони оилавӣ дарди худро пинҳон надошта, ба онҳо аз вазъи саломатии худ ва аҳли оилаашон ошкоро ҳарф зананд, зеро пинҳон доштани беморӣ эҳтимол ба ҳолатҳои фавт оварда мерасонад", - мегуяд хабарномаи Вазорати тандурустӣ.

Лентаи хабарҳо
0