00:12 06 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (494)
518831

Далер Ҷабборов бар коронавирус пирӯз шуд. Ӯ мегӯяд, гирифтор шудан ба ин беморӣ набояд боиси воҳимадор шудани шахс, аҳли хонавода ва наздиконаш гардад

ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik, Нилуфар Некқадам. Далер Ҷабборови 48 - сола, ки 25 рӯз боз гирифтори бемории коронавируси навъи COVID - 19 буду хушбахтона бар ин маризӣ пирӯз гардид, дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон дар бораи даҳшати COVID - 19, муносибати пизишкон дар табобатхона, дастгирии наздикон ва сирри шифои комил гуфт.

Саломи хатарнок

Далер, ки дар хадамоти амнияти яке аз мағозаҳои бузурги Маскав фаъолият мекунад, ҳадс мезанад, ки шояд аз одамоне, ки ба мағоза рафтуомад доштанд сироят шуд.  

"Мо дар як рӯз ҳуҷҷатҳои наздики 100 шаҳрвандони кишварҳои ИДМ - ро месанҷем. Мо мардуми Осиёи Марказӣ, албатта салому алайк мекунем ва аз аҳволи якдигар бо дастфишорӣ, ки имрӯзҳо қатъиян манъ аст, хабар мегирем. Шояд ҳамон лаҳза ман сироят шудам", - ҳадс мезанад Далер.

Ӯ дар рӯзҳои аввал дарди сар ва ҳарорати баланд дошт, вале фикр намекард, ки ин бемории коронавируси навъи COVID -19 аст.

"Чунин сарам боре ҳам дард накарда буд, дар ёд надорам, вале фикр намекардам, ки ин коронавирус аст. Ду рӯз пайи ҳам сарам дард мекард. Пасон ҳароратам баланд шудан гирифт. Баъд сулфаи тар оғоз шуд. Ҳароратам паст намешуду, оҳиста оҳиста нафаскашиям вазнин шудан мегирифт. Билохира, нафаскашиям тамоман вазнин шуд", - нақл кард Далер.

Дар ҳамин ҳол ӯ ба ёрии таъҷилӣ занг мезанад, вале пизишкон аз ӯ танҳо ташхис гирифта мераванд. Рӯзи дигар бемор ба поликлиника меравад ва ин бор ҳам пизишкон маризии ӯро сабук унвон карда ба ӯ доруҳои лозимаро мефармоянду ҷавобаш медиҳанд. Вале, аҳволи Далер ҳамоно бад шудан мегирад.

"Рӯзи дигар ман боз ба поликлиника рафтам ва сардухтур маро санҷиду гуфт, ту танҳо бо шикамат нафас кашида истодаӣ. Шушҳоят қариб, ки аз кор мондаанд. Ҳароратам ҳам баланд буд", - ба ёд меорад ӯ. 
Ҳамин тавр худи пизишкон ёрии таъҷилӣ ҷеғ мезананд ва Далерро ба беморхона интиқол медиҳанд.

"Ман ки шаҳрвандии Русия дорам ва албатта бимаи тиббӣ низ, маро дар ҳамин поликлиникаи назди хонаамон дар Пироговский хобониданд", - гуфт ӯ ва афзуд, ки то замони хобонидан бемор аз пурсупосе мегузарад ба монанди "оё дар хориҷа будӣ, аз кай боз авзоъятон бад шудааст ва ба ҳамин монанд".

Таҳлили мусбати COVID -19 ва 14 рӯз дар беморхона

Дар беморхона пас аз ташхиси умумӣ ба Далер, таҳлили илтиҳоби дутарафаи шуш ва COVID -19 мемонанд.

"Рӯзи аввал ман дар палата танҳо будам. Дар давоми ҳамон рӯз аз ман хун гирифтанд, ташхис гузарониданд, тамографияи компютерӣ карданд ва рӯзи дуюм маро ба палатаи умумӣ гузарониданд. Ман дар палата бо яке аз мақомдорони баландпояи бахши ҳавонавардии Русия якҷо хоб будем. Пизишкон моро зуд - зуд хабар мегирифтанд. Ростӣ пизишкон кори худро ба дараҷаи олӣ иҷро карданд - тозагӣ, хӯрок, муносибат - ҳамааш хуб буд. Ҳар ду дақиқа ҳарорати бадан ва фишори хунро месанҷанд, боз доруҳои фармудашударо дар вақташ мегузаронанд", - гуфт мусоҳиб.

Дар рӯзи сеюм пас аз гузаронидани сӯзандоруҳо ҳарорати бадани Далер муътадил мешавад ва нафаскашияш озод шуда рӯз то рӯз худро беҳтар эҳсос мекунад.

Вале, вай мегӯяд, инсонро дар чунин авзоъи вазнин на худи беморӣ балкӣ ваҳму воҳимае, ки аз берун мешавад, бештар бемор месозад.

"Хонаводаамон дар Тоҷикистон аз бемориям бохабар шуданд. Фишори якеаш баланд шуд, дигарӣ сардард шуд ва сеюмӣ тамоман бемор гардид. Ин ҳама воҳимаест, ки аз берун ба бемор хеле таъсири манфӣ мерасонад", - бовар дорад Далер.

Даҳшати беморхона ва дуои шифодиҳанда

Ӯ афзуд, ки дар беморхона низ инсон ба даҳшат меафтад.

"Шабе ман хоб будам, дар ёд надорам шояд аз хоб гап задаам ё ҳароратам баланд шудааст, ки чашмонамро кушодам дар болои сарам се пизишк бо рӯйи баста, ки танҳо чашмонашон намудор буд, истодаанд, ин даҳшатноктарин лаҳза дар беморхона буд", - ба ёд меорад Далер.

Ӯ гуфт, чӣ чиз дар беморхона маризро қувват мебахшад ва худи ӯ низ сиҳатшавиашро аз ҳамин қувваи ғайбӣ медонад.

"Ростӣ дар тӯли ҳамин 25 соли зиндагӣ дар Русия ман бо мардумамон ҳамеша якҷо ҳастам. Чизе аз дастам ояд кумак мекунам. Ва вақте ман дар беморхона будам, инсоне набуд, ки ба ман занг назанад ва аз аҳволам бохабар нашавад. Аз ҳама асос дуоҳои онҳо буд, ки дар ҳаққи ман карданд. Соати яки шаб, ба ман аз Душанбе ҷавоне занг мезанад ва ояҳои Қуръонро қироат мекунад. Ӯ дар давоми расо як соат бароям ояи Қуръон хонд. Намедонам ӯ кист, ман ӯро намешиносам, вале пас аз қироаташ ман худро чунон сабук эҳсос кардам, ки саҳараш гуфтам мехезаму хона меравам", - мегӯяд Далер ва ба ҳамаи онҳое, ки дар ҳақи ӯ дуо карданд, изҳори сипос мекунад.

Натарсед, танҳо эҳтиёт кунед!

Далер Ҷабборов (номи қаҳрамон иваз шудааст - шарҳ аз идора), ки акнун аз беморхона мураххас шудаву бо аҳли хонаводааш аст, аз ҳамаи муҳоҷирони Русия даъват мекунад, ки дар баробари пайдо шудани нишонаҳои аввалини коронавирус - дарди сар, ҳарорати баланд, дилбеҳазӯрӣ, хастагӣ, нафаскашии вазнин дарҳол ба ёрии таъҷилӣ занг зананд.

"Набояд аз ин беморӣ тарсид. Ин ҳам дар баробари дигар вирусҳое ҳаст, ки дар тӯли ҳаёт ба мо дучор мешаванд. Набояд ба ваҳму воҳима дода шуд, фақат эҳтиёт бояд кард", - афзуд ӯ.

Дастонатонро дар давоми беш аз 30 сония бо собун шуед, ҳангоми аз берун ба хона дохил шудан албатта дастонатонро безарар гардонед, таҷҳизоти бо худ доштаро безарар гардонед, ҳангоми ба берун баромадан ниқоб пӯшед - худ ва наздиконатонро дар хатар нагузоред, - даъват мекунад Далер.

Саидислом Абдуджаборзода, прокурор судебного надзора Генпрокуратура РТ
из личного архива Саидслома Абдуджаборзоды

Олам дигар мешавад

Далер пас аз сар гузаронидани бемории коронавируси навъи COVID - 19  мутмаин аст, ки ҷаҳон пас аз ҳамагирии ин беморӣ комилан дигар мешавад. Одамон нисбати ҳамдигар меҳрубонтар мешаванд, муносибот беҳтар мегардад. Чунин тамоюл аллакай дар Русия эҳсос мешавад, - мегӯяд ӯ.

"Ман дар беморхона бо чашми худам дидам, чӣ гуна пизишкон ва умуман ҳамон марде, ки бо ман дар як палата буд, бо ман ва дигар намояндагони ғайри миллати рус, муносибат карданд. Дар рӯзи ҷашни Пасха, ӯ ба ман гуфт: Ту намоз медонӣ?, - гуфтам: бале. Гуфт: - бихон, баланд бихон, ки вирус нест шавад", - оё ин дигаргунӣ нест, суол мегузорад Далер.

То имрӯз дар тамоми ҷаҳон беш аз 2,5 миллион нафар гирифтори коронавируси навъи COVID - 19 шудааст. Дар Русия то рӯзи 22 апрел 57 ҳазору 999 кас мубталои коронавирус гардидааст. Дар Тоҷикистон ягон ҳолати гирифторӣ ба ин вабои аср сабт нашудааст.

Шояд коронавсири COVID - 19 имрӯз аз душвортарин ва даҳшатноктарин лаҳзаи зиндагии инсоният бошад, вале фардо, замоне, ки инсон бар он пирӯз мешавад, умедворем, ки дунёи тозаю нуроние моро интизор аст.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (494)
Барчаспҳо:
вируси нав, беморӣ, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ