17:20 31 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
373201

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабари фавти се шаҳрвандро, ки ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид, рад намуд

ДУШАНБЕ, 23 апр – Sputnik. Вазорати тандурустӣ бо нашри як изҳорот, хабарҳои паҳншуда, ки гӯиё се нафар имрӯз, 23 апрел дар Маркази саломатии №1 дар Душанбе, маъруф ба маҳаллаи “1-ум Советский” аз бемории пневмония фавтидаанд, рад намуда, онро комилан беасос ва ғайрикасбӣ арзёбӣ менамояд.

Вазорат аз қавли муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саида Умарзода иброз доштаст, вобаста ба марги  се нафар  суҳбате анҷом надодааст ва танҳо дар бораи сабабҳои фавти 4 нафар дар Маркази саломатии №1 дар Душанбе, ки санаи 22 апрел рух дод, изҳори назар кардаст.

"Вале аз чӣ бошад, ки хабарнигор чун тарошаи аз бом афтода ҳодисаи дирӯзаро бо имрӯз рабт дода, онро бемасъулиятона ва берун аз меъёрҳои ахлоқии касбӣ дар сомона ҷой додааст”, - омадааст дар иттилоия.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он ки  бархе расонаҳо, афроди алоҳида ва шабакаҳои иҷтимоӣ вобаста ба фавти шаҳрвандон хабарҳои бардурӯғ паҳн мекунанд, изҳори нигаронӣ кардаст.

Ин ниҳод зарур хондаст, ки расонаҳо дар ин лаҳзаҳои ҳассос ва барои миллат тақдирсоз мардумро ба оромӣ ва риояи ҳатмии роҳу усулҳои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, аз қабили истифода аз усулҳои ҳатмии воситаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла тарзи истифодаи ниқоб, спрейҳо ва дигар маҳлулҳои безараргардонӣ, риояи ҳатмии гигиенаи шахсӣ, масалан, чӣ гуна тоза шустани дастон, тозаву тамиз нигоҳ доштани манзили зист ва ҳуҷраҳои корӣ ва ғайра даъват намоянд. 

Вазорат таъкид кардааст, ки нодида гирифтанҳо ва нарасидан ба ин талошҳои шабонарӯзии кормандони соҳаи тандурустӣ аз ҷониби баъзе расонаҳо ва журналистон ахиран Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ин хулоса овардааст, ки минбаъд ҳар расона,  афроди алоҳида ва хабарнигореро, ки маълумоти носанҷидаву бардурӯғро дар байни аҳолӣ оид ба пайдоиш ва ё хурӯҷи коронавирус паҳн менамояд, ба ихтиёри мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супорад.

Мавзӯъҳои асосӣ