13:57 06 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
394411

Вазъияти пневмония дар Тоҷикистонро доктори шоистаи Русия, пулмонолог, доктори илмҳои тиб Александр Карабиненко шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Илтиҳоби шуш як бемории ҷиддӣ аст, қайд намуд  дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон, доктори шоистаи Русия, пулмонолог, доктори илмҳои тиб Александр Карабиненко.

Дар Русия ҳамасола  1,5 миллион нафар аз пневмония ва дигар бемориҳои илтиҳобии шуш мемиранд, гуфт коршинос.

"Патогенҳои пневмония дар роҳҳои болоии нафаскашии инсон ҳастанд. Ва ҳангоме ки муқовимат ба микробҳо суст мешавад, шахс метавонад бемор шавад. Ва одатан ин беморӣ шадид аст. Яъне ҳарорат ногаҳон баланд, нафаскашӣ танг, хунукхурӣ ва сулфа ба вуҷуд меояд",- гуфт Карабенко.

Ба андешаи пулмонолог ( табиби бемориҳои шуш ва роҳҳои нафас) А. Карабиненко тағйироте ки ҳангоми сирояти куруновирус дар шушҳо пайдо мешавад, аз Пневмония-илтиҳоби муқаррарии шуш фарқи ҷиддӣ дорад. Осори таъсири куруно хеле мураккаб ва ҷиддитар аз илтиҳоби шуш аст ва он хеле кам омухта шудааст.

Агар ҳангоми пневмония алвеолаҳо-қисмати асосии шуш газак мегирад, вале куруновирус ба системаи рагчаҳои хунгарди шуш таъсири шадиди манфие мерасонад, ки дар натиҷа норасоии вазнини нафаскашӣ ба вуҷуд меояд.

Пизишк илова намуд, ки гипоксия- норасогии оксиген ҳангоми бемории covid19 бештар на ба илтиҳоби шушҳо, балки ба норасоии системаи интиқоли оксиген ба организм вобаста аст.

“Мумкин аст, ин каронавирус бошад. Ба каронавирус бояд 70% ахолии саёра гирифтор шаванд. Ман фикр мекунам, ки Точикистон низ аз ин шумора намеафтад. Онҳо хоҳем нахоҳем бо Афғонистон ва Хитой алоқа доран. Хитой бошад минтақаи эндемикии каронавирус мебошад",-таъкид кард Карабиненко.

Ӯ гуфт, барои шикастани занҷири паҳншавии ин беморӣ бояд чораҳои зиддиэпидемиявӣ, ба мисли он ки дар Русия баргузор мешаванд, заруранд.

Барчаспҳо:
табобат, беморӣ, табиб, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ