08:03 06 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
142 0 0

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ теъдоди афғонистониҳоеро, ки ба кумаки фаврии тибббӣ ниёз доранд, беш аз се миллион нафар арзёбӣ кард

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ эълом кард, беш аз се миллион нафар аз мардуми Афғонистон ба далели ҷангу офатҳои табиӣ ниёзманди хадамоти дармонии фаврӣ ҳастанд.

Дар ин бора хабаргузории "Парстудей" бо такя ба хабаргузории Тасним иттиллоъ додааст.

Ба иттилои манбаъ, Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ рӯзи якшанбе дар гузориши худ ҳамчунин эълом кард, фақат дар даргириҳои январи гузашта, 11 ҳазору 390 нафар аз 15 вилояти Афғонистон маҷбур ба тарки хонаҳояшон шуданд.

Дар ин гузориш омадааст, ки ҳудуди 22 ҳазор нафар аз мардуми Афғонистон низ дар моҳи январ аз балоёи табиӣ овора, 24 нафар кушта ва шуморе низ захмӣ шуданд.

Дар моҳи январ ҳамчунин ҳафт ҳамла ба марокизи беҳдоштӣ дар Афғонистон гузориш шуд, ки мунҷар ба баста шудани 16 маркази дармонӣ ва кушта ва захмӣ шудани даҳҳо нафари дигар гардидааст.

Афғонистон кишваре мустаиди заминларза, селоб, рониши замин ва резиши баҳман аст.

Барчаспҳо:
Созмони ҷаҳонии беҳдошт, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ