22:41 23 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.07
  • RUB0.13
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
204910

Котиби матбуоти Президенти Русия Дмитрий Песков дар бораи муҳофизати Владимир Путин аз коронавируси гуфт

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Ҳамаи нафароне, ки ба назди президенти Русия Владимир Путин ворид шуданиянд, қаблан аз ташхиси коронавирус мегузаранд, гуфт сухангӯи сарвари давлат Дмитрий Песков дар мусоҳиба бо рӯзномаи "Аргументы и факты".


"Табиист, ки бидуни санҷиши лозима ба назди президент ворид шудан ғайриимкон аст. Онҳое ки ворид  мешаванд, афроди ин ё он сатҳ санҷидашудаанд", - гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Песков, Путин танҳо тамоси рӯ ба рӯро кам кардааст, аммо онҳоро комилан қатъ накардааст.

Песков инчунин илова кард, ки дар муоширати шахсӣ раҳбари Русия кӯшиш мекунад, ки масофаи худро нигоҳ дорад.

Қаблан сухангӯи раисиҷумҳур овозаҳоеро дар бораи он, ки гӯё Путин аз коронавирус дар Сибир, Валдай ё дар як бункер паноҳ бурдааст, рад кард.

Песков қайд кард, ки раҳбари Русия дар қароргоҳи худ дар Ново-Огарево буда  фаъолона ба кор машғул аст.

Ёдовар мешавем қаблан Песков дар бораи чигуна аз бемориҳо ҳимоят шудани Путин гуфт, Табибон сарфи назар аз вазъи эпидемиологӣ Президенти Русия Владимир Путинро мунтазам назорат мекунанд.

Песков гуфт, Русия чӣ гуна аз қарантина мебарояд

"Тибби раёсатиҷумҳур дар ҳама давраҳо ҷудогона аст. Ҳама корҳое, ки барои муҳофизати президент аз бемориҳои мавсимӣ ё дигар беморӣ лозиманд, анҷом дода мешаванд",- гуфт  Песков.

Ӯ ҳамчунин қайд карда, ки новобаста аз вазъи эпидемологӣ табибон ҳамеша саломатии президентро назорат мекунанд.



Барчаспҳо:
ҳимоят, Владимир Путин, сухангӯ, Дмитрий Песков, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ