17:16 02 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.55
  • RUB0.14
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (586)
338 0 0

Корхонаи “Сиёма” дар радифи истеҳсоли обҳои ташнагишикан ба истеҳсоли маҳлули тиббии антисептикӣ шурӯъ намуд

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Маҳлули тиббии антисептикӣ дар зарфҳои ғунҷоишашон 250 мл, 330 мл, 500 мл, 600 мл, 1л, 1,5 ва 5 л пешкаши харидорон гардонида мешавад, хабар дод “Ховар”.

Ба иттилои манбаъ, коргарони корхонаи “Сиёма” ҳашт тонна маҳлули тиббии антисептикӣ истеҳсол намуда, пешкаши муштариён гардониданд. Корхона тасмим дорад, ки то анҷоми пандемия дар ҷаҳон тақрибан 10-12 тонна маҳлули тибии антисептикӣ истеҳсол намояд.

Мудири тиҷоратии Корхонаи “Сиёма”, Толибҷон Маҷидов, изҳор доштааст, ки тадбири мазкур бо мақсади тақвияти тадбирҳои беҳдоштӣ дар мамлакат барои пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла “COVID-19”, роҳандозӣ гардидааст.

Мавсуф афзудаст, ки алҳол иқтидори истеҳсолии корхона, ки чор намуди маҳсулот, аз ҷумла нӯшобаҳо ва обҳои ташнагишикан истеҳсол менамояд, 25 миллион литр мебошад.

Роҳбарияти ширкати “Сиёма” тасмим гирифтаанд, ки дар оянда маҳсулоти тавлидотии худро зери тамғаи “Made in Tajikistan” ба хориҷи мамлакат содир намоянд.

Корхонаи “Сиёма” моҳи августи соли 2019 дар пойтахт ба фаъолият шурӯъ намуда, дар он истеҳсоли обҳои газнок, бегаз ва обҳои хуштаъм дар зарфҳои пластикӣ ва шишагии гуногунҳаҷм ба роҳ монда шудаст.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (586)
Барчаспҳо:
истеҳсол, корхона, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ