Фавтхона ё шифохона? Суҳбат бо маризони "Якум Советски"

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевМедицинский центр №1 в Душанбе
Медицинский центр №1 в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Фавти беморон дар чанд рӯзи охир дар Маркази тиббии ба номи Карим Аҳмадов, ки дар миёни мардум бо номи беморхонаи "Якум Советский" машҳур аст, ин бемористонро дар маркази таваҷҷуҳи ҷомиа кишвар қарор додааст

ДУШАНБЕ, 26 апрел – Sputnik. Аз гуфтугузорҳо ва ҳатто наворҳои видеоие, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳам кӯчаву бозорҳои Душанбе мечарханд, ин тасаввур пайдо шудааст, ки дар шифохонаи “Якум Советски” ҳама рӯз теъдоди қобили таваҷҷӯҳи афрод мефавтанд ва кор ба ин ҷо кашида, ки худи духтурон низ ҷон месупоранд, аммо мақомот болои ин ҳама пардаи сиёҳи таваҳҳум пӯшидаанд.

Работа полевой биолаборатории, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазорат дар бораи хуруҷи беморӣ, фавтҳо ва ибтилои табибон: Тоҷикистон аз ҷаҳон ҷудо нест

Воқеан чанд рӯзи қабл Абдуфаттоҳ Солиев, аввалин пизишк ва ҳам Искандар Камолов, муҳосиби Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон дар ин шифохона ҷонҳои азизи худро аз даст доданд ва дигар касе ҳам ин ҳисобро намекунад, ки дар “Якум Советски” чанд кас бистарӣ мешавад ва чанд нафар мефавтад.

Оё дар “Якум Советски” воқеан он чӣ мегузарад, ки мо тасаввур мекунем? Яъне беназмиву бебандуборӣ, маргумир, доду фиғон ва...?

Аввалин ҳамсӯҳбати мо Юрий Белозеров, сокини 55 – солаи шаҳри Душанбе, корманди як ниҳоди СММ дар умури муҳоҷират аст, ки нафаскашии шадидашро ҳатто дар телефон мешавад шунид.

Вай гуфт, панҷшанбеи гузашта дар пайи пайдо шудани нафастангӣ ба шифохонаи “Якум Советски” оварда шуд ва вазъаш ба дараҷае ба вахомат гароида буд, ки тамоми дасту дилашро аз зиндагӣ шуст.

“Ҳафтаи дуввум аст, ки тасф мекунам. Ҳанӯз нафастангӣ дорам. Гоҳо сахт нафасам танг мешавад. Вақте вазъам бад мешавад, ба ман кислород (оксиген) медиҳанд. Дору мехӯрам. Қатрачаконӣ мекунанд. Духтурон омада, муназзам ҳарорат ва фишорамро месанҷанд”, - гуфт Юрий Белозеров. Маризии Юрийро пневмония ташхис доданд.

Эътирофи самимонаи шаҳрванди Қазоқистон

Воқеан, шифохонаи “Якум Советски”, ҳамон Маркази тиббии ба номи Карим Аҳмадов, ду ҳафта ба ин сӯ ба қабули маризоне ихтисос ёфтааст, ки ба маризии пневмония гирифторанд. Мақомоти тандурустӣ зарурати онро ба афзойиши ин намуди маризӣ дар кишвар иртибот дод.

Ҳамчунин марокизи хос дар Хуҷанду Ҳисор ва бархе шифохонаҳо низ қисман ба табобати пневмония ихтисос ёфтаанд. Омори бистарҳо дақиқ нест.

Медицинские носилки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Фавти боз ду нафар аз пневмония дар Суғд: яке адвокату дигаре бознишаста

Булат Саришеви 36 - сола, шаҳрванди Қазоқистон ва корманди “Казкомерсбонк” – ро низ “ёрии таъҷилӣ” бо маризии пневмония як ҳафтаи қабл ба шифохонаи “Якум Советски” интиқол дод.

Вай мегӯяд, аввалин алоими маризиаш як сардардии шадиду мушкили нафас буд ва вақте томографияи компютериро гузашт, маълум шуд, ки гирифтори пневмония шудааст.

“Ҳоло худамро хеле хуб ҳис мекунам. Як нуктаро самимона ва бидуни таоруф мегӯям: ин ҷо дар шифохонаи “Якум Советски” ҳама корро дар вақташ иҷро мекунанд, доруро вақт ба вақт медиҳанд. Меҳрубонтарин кормандони тиб ин ҷо кор мекунанд. Кӯмак мерасонанд. Ҳатто либосҳоямонро мешӯянд. Ҳар рӯз утоқро тоза мекунанд. Рости гап, эътироф мекунам, ки интизор надоштам ин ҷо чунин асту бародарони тоҷик чунин шароитро барои ман муҳайё хоҳанд кард”, - гуфт Булат Саришев.

Қарантинаи ҳамкори прокурори фавтида: саломатиам хуб аст

Фарди сеюме, ки ҳоло дар шифохонаи “Якум Советски” қарантина шудааст, Оқилҷон Баротов, ҳамкори Ҷалолиддин Абдуҷабборзода, сардори шӯъбаи назорати милитсияи прокуратураи шаҳри Душанбе аст, ки бино ба иттилои расмӣ, аз илтиҳоби дутарафаи шуш рӯзи 19 апрел дар Бемористони маризиҳои сироятии шаҳри Душанбе даргузашт.

Алишер Абдукаримов, замглавврач Джаббор Расуловской болницы - Sputnik Тоҷикистон
Бидуни корона: табибони қурбонии аввалини “пневмония” озод шуданд

“Мо танҳо барои гузаштани қарантина ба ин ҷо интиқол дода шудем. Дар асл, Худоро шукр, саломатиам хуб аст. Фақат шак ин буд, ки мо ҳам пневмония шудаем, аммо чунин набудааст. Ҳамин ки мӯҳлати қарантина анҷом шуд, сари кор бармегардем”, - гуфт Оқилҷон Баротов.

Эътирофи онҳое, ки мегӯянд, аз панҷаи марг дар “Якум Советски” раҳо шудаанду мунтазири рухсат шудан ҳастанд, пеши мо манзараи доду фиғони модару хоҳареро зинда мекунад, ки дар як навори сарикӯчагӣ дар сафҳаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ сайр мекунад.

Ҳамзамон суханони яке аз ҳамсӯҳбатони мо, ки наздикашро дар ин шифохона аз даст додаст, ба ёд меояд, ки он ҷоро як маҳшару қиёмат тасвир карда буд. Мо ба ҳамсӯҳбатони худ як суоли дигар матраҳ кардем, ки посухи мушобеҳ доданд. Он ҳам ин, ки худи онҳо дар бораи маризии худ чӣ фикр доранд, оё “вируси корона” аст ё пневмония?

Карабиненко Александр - Sputnik Тоҷикистон
Карабиненко фарқи байни пневмония ва коронавирусро дар Тоҷикистон шарҳ дод

Ҳамсӯҳбатони Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, барои онҳо аслан фарқе намекунад, ки чӣ маризӣ аст ва чӣ ном дорад, муҳим онҳо шифо ёбанд ва сари хонаводаҳои худ баргарданд.

“Дар ин ҷо касе ба ин фикр нест, ки гирифтори чӣ бемориест – “вируси корона”, пневмония ё... Аммо як чӣ мусаллам аст, ки дар шифохона шурӯъ аз тамизкор то духтурҳои калон ҳар як бидуни ваҳму воҳима барои зиндагии мо мубориза мебаранд ва намегузоранд шӯълаи ин орзу, ки мо ба по рост шуда, зиндагии дубораро шурӯъ кунем, дар мо хомӯш шавад”, - гуфт Юрий Белозеров.

Омори вазорат дар бораи гирифторони пневмония

Тибқи иттилои вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, аз он рӯзе, ки шифохонаи “Якум Советски” ба маркази қабули маризии пневмония табдил дода шуд, 319 мариз, аз ҷумла 136 корманди тиб, аз дари он ворид шудаанд.

“Дирӯз, 26 апрел, 107 нафарро ҷавоб додем. 30 нафари дигар дар арафаи рухсат шудананд. Ҳоло 217 нафар зери назорати табибон карор доранд, аз ҷумла 8 нафар дар шуъбаии эҳё. Дар умум аз 319 маризе, ки ба шифохона ворид шуданд, 11 нафар, мутаассифона, фавтиданд”, - омадааст дар иттилоияи ин вазорат.

Яке аз духтуроне, ки мегӯяд, қариб 40 рӯз ба ин сӯ хонаводаашро надидааст, аз сӯҳбат бо мо сарпечӣ кард. Фақат гуфт, сад нафаҳмонад, ӯро кам касе дарк мекунад. “Мо кори худамонро мекунем. Ин маргумирҳоро пеш ҳам дидаем, оянда ҳам хоҳем дид. Илтимос, воҳима накунеду ғам надиҳед”, - гуфт ӯ.

Лентаи хабарҳо
0