22:41 16 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.77
  • RUB0.14
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
328 0 0

Вазорати тандурустии Қазоқистон мегӯяд, ки беморони калонсол ва шадиданд беморро табобат кардан мумкин аст

ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Дар Қазоқистон як зане, ки ба қарибӣ 100-сола шуд, аз гирифтории бемории коронавирус шифо ёфтааст, хабар медиҳад Вазорати тандурустии ин кишвар.

"Табибон ... дар ноҳияи Аршали бемор Силина Полина Алексеевнаро ба кафкубӣ гусел карданд, ки ӯ аввали моҳи май 100-сола мешавад. Вай тавонист аз коронавируси COVID-19 комилан шифо ёбад",- гуфта мешавад дар гузориш.

Ин ниҳод гуфтааст, ҳолати мазкур эътимоди табибонро ба табобати беморони куҳансол ва вазнин тақвият мебахшад.

Қобили зикр аст, ки ба гуфтаи коршиносон, сироят барои пиронсолон махсусан хатарнок аст, ки хатари марг аз ин бемориро зиёдтар доранд.

Тибқи оморҳои ахир то имрӯз шумораи гирифторони коронавирус дар Қазоқистон ба 3 ҳазору 19 нафар расидааст.

Омори мудҳиш: шумораи мубталоёни коронавирус дар ҷаҳон аз 3 миллион гузашт

То кунун аз ин беморӣ дар ин кишвар 754 нафар шифо ёфта 25 тани дигар фавтидаанд.

Ҳоло дар Қазоқистон вазъияти фавқулода аст, ки он аз 16 март ҷорӣ шуда буд ва ахиран ин низом то 11 май тамдид карда шуд.

Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев дар навбати худ ҳушдор дод, ки рӯзи 11 май вазъияти фавқулода танҳо дар сурати бардошта хоҳад шуд, ки агар гирифтории зиёд ба ин беморӣ қайд нагардад.

Барчаспҳо:
табибон, пиронсол, зан, вирус, Қазоқистон

Мавзӯъҳои асосӣ