Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Дар Русия давоми як шабонарӯз 108 дардманди коронавирус фавтиданд

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкПрохожие в защитных масках и перчатках
Прохожие в защитных масках и перчатках - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Барои маротиба нахуст дар Русия дар як шабонарӯз фавти беш аз 100 дардманди коронавирус ба қайд гирифта шудааст

ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Ситоди фаврӣ оиди коронавирус дар Русия мегӯяд, тӯли як шабонарӯз ошкор шудани боз 5,8 ҳазор ҳолатии нави сироятшавӣ ба коронавирус сабт гардидааст. Ин теъдод маризон дар 82 манотиқи Русия ба қайд гирифта шуданд.

Национальный банк Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Ҳушдори БМТ аз хатарҳои коронавирус ба иқтисод: меъёри бозтамвилро кам кард
Ҳамин тариқ ба иттилои ситоди мазкур, теъдоди умумии дардммандони коронавирус дар Русия ба 99 399 нафар баробар шудаст.

Зимнан, бо фавти 108 бемор дар як шабонарӯз, шумораи умумии қурбониён 972 нафар ҳисобида шудаст.

Аксаран шифо меёбанд: сиҳат шудани 955 ҳазор маризи коронавирус дар ҷаҳон

Зикр мегардад, ки теъдоди аз ҳама зиёди дардмандон ба пойахти Русия рост меояд. Шабонарӯзи гузашта дар Маскав 2220 ҳолати нави сироятшавӣ ба ин маризӣ сабт гардидаст. Дар мақоми дуввум аз лиҳози шумори ҳолатҳои нави гирифторшавӣ вилояти Маскав қарор дорад. Шаҳри Санкт - Петербург дар мақоми саввум ҷой гирифт.

Дар ҳамин ҳол, теъдоди шифоёфтагон низ кам набуда, танҳо дар як шабонарӯз 1830 нафар шифо ёфтанд. Ҷамъан, аз бемористонҳо Русия беш аз 10 ҳазор бемор комилан сиҳат гардида, мураххас шуданд.

 

Лентаи хабарҳо
0