17:36 26 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.19
  • RUB0.14
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
662611

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз сабти ҳолатҳои нави мубталошавӣ ба коронавирус дар кишвар хабар дод

ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гуфтааст, мутаассифона, 29-уми апрели соли 2020 дар кишвар 15 ҳодисаи тасдиқшудаи бемории сироятии коронавируси навъи CОVID-19, аз ҷумла дар вилояти Суғд 10 ҳодиса ва дар шаҳри Душанбе 5 ҳодиса ба қайд гирифта шуд.

"То имрӯз, 2 майи соли равон дар кишвар 32 ҳодисаи бемории сироятии коронавируси навъи CОVID-19, аз ҷумла 17 ҳодиса дар шаҳри Душанбе, 5 ҳодиса дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 10 ҳодиса дар вилояти Суғд ба қайд гирифта шуд", - омадааст дар иттилоия.

Ин ниҳод изҳор доштааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

"Дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст", - омадааст дар изҳороти Вазорати тандурустӣ.

Мавзӯъҳои асосӣ