Дастури таъсиси беморхонаҳои муваққатӣ барои 3 ҳазор бемори коронавирус дар Душанбе

Обуна шудан
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, дастур додааст, ки дар пойтахт беморхонаҳои муваққатӣ бо беш аз 3 ҳазор кат барои гирифторони коронавирус ташкил карда шавад

ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Рустами Эмомалӣ ба мақомоти тандурустӣ ва шаҳрдорӣ супориш додаст, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат аз ҳисоби имконияту захираҳои мавҷуда беморхонаҳои муваққатии табобатиро бо беш аз 3 ҳазор кати хоб муҳайё кунанд.

Жители города Душанбе в защитных масках на улице - Sputnik Тоҷикистон
Афзоиши гирифторони CОVID-19 дар Тоҷикистон: изҳороти Вазорати тандурустӣ

Тибқи иттилои котиботи шаҳрдорӣ, ҳадафи ташкили беморхонаҳои муваққатӣ, муолиҷаи беморони гирифтори вируси сироятии COVID-19 мебошад.

Таъкид шудааст, ки беморхонаҳои муваққатӣ бо муҳайё кардани тамоми шароити замонавӣ, бахусус мутахассисони баландихтисоси соҳибтаҷриба, таҷҳизоти тиббӣ ва таъминоти дорувории баландсифат барои истифода омода шаванд.

Ин дар ҳолест, ки то имрӯз дар ҳудуди шаҳри Душанбе зиёда аз 30 беморхона бо 5 ҳазору 284  кати хоб ва беш аз 5 ҳазору 390 нафар табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ ба эҳтиёҷмандон хизмат мерасонанд.

Ба иттилои котиботи шаҳрдорӣ, назорати таъсиси беморхонаҳои муваққатиро Рустами Эмомалӣ  шахсан ба зиммаи худ гирифта, аз рафти корҳо дидан мекунад.

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, то имрӯз, 2 май дар кишвар 32 ҳодисаи бемории сироятии коронавируси навъи CОVID-19, аз ҷумла 17 ҳодиса дар шаҳри Душанбе, 5 ҳодиса дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 10 ҳодиса дар вилояти Суғд ба қайд гирифта шудаст.

Лентаи хабарҳо
0