10:20 29 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.35
  • RUB0.14
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
1665 0 0

Рӯзи душанбе, 4 май Шифохонаи байнулмилалии Ибни Сино ба қабули маризони уфунӣ шуруъ хоҳад кард. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон аз ин иқдом ҷонибдорӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 2 май – Sputnik. Абдухалил Холиқзода, раиси ҳайати мудирони Шифохонаи байнулмилалии Ибни Сино ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, омодагиҳо, шурӯъ аз таъмини василаҳои ҳифзи шахсии кормандон то бозсохти таъминотиву таъсисотӣ ба суръат идома дорад.

“Мутаассифона, маризиҳои сироятӣ, аз ҷумла “вируси корона” дар кишвар густариш меёбанд ва хушбахтона, шифохонаҳои давлатӣ бистари кофӣ барои қабули беморони ин қабил маризиҳоро доранд. Ният мо ин аст, ки то 4 май, рӯзи душанбе омодагиҳои худро ба анҷом расонем ва агар вазорати тандурустӣ лозим донад, ба қабули беморони уфунӣ оғоз хоҳем кард”, - гуфт Абдухалил Холиқзода.

“Ибни Сино”, яке аз аввалин шифохонаҳои хусусӣ ва ҳоло муваффақи Тоҷикистон буда, сентябри соли 2009 бо меъёрҳои тибби аврупоӣ таъсис ёфтааст ва бо таҷхизоти навтарини сохти кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ таҷҳизонида шудааст.

Аввалин шифохонае ба шумор меравад, ки бо ҷалби пизишкони Эрон, Олмон ва Русия умдатан ба ҷарроҳии маризиҳои дил ихтисос дошт. Ҳоло шифохона тавсиа ёфта, ба ҷуз дил, ҷарроҳии гурдаву роҳҳои пешоб, тармимву пластикӣ ва умумиро низ анҷом медиҳад ва бахшҳои ангиографӣ, дандонпизишкӣ, дармонгоҳ, озмоишгоҳ, рентген ва дорухона низ дорад. 

Раиси ҳайати мудирони Шифохонаи Ибни Сино мегӯяд, тағйири низоми кор ва мушаххасоти шифохона ба чолишҳое рабт дорад, ки имрӯз дар ҷаҳон ва ба дунболи он дар Тоҷикистон дар пайи густариши “вируси корона” ба миён омадааст.

“Ин як кори содда нест, аммо мо - кормандони Шифохонаи Ибни Сино бояд дар канори мардуми хеш ва дар хидмати он қарор гирем” – гуфт Абдухалил Холиқзода.

Дар ҳамин ҳол, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз тасмими раҳбарияти Шифохонаи Ибни Сино истиқбол карда, гуфт, бахши хусусӣ ҳам як қисмати соҳаи тандурустӣ аст ва раҳбарияти ҳар шифохона дар гирифтани ҳар тасмим томулихтиёр аст.

Шодихон Ҷамшед ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳанӯз дар ин бора маълумоте дар ихтиёр надорад ва муроҷиатеро ҳам дарёфт накардаанд, аммо вазорат аз ҳар тасмими созанда пуштибонӣ мекунад.

“Шифохонаи Ибни Сино муассисаи хусусӣ аст. Ҳар чӣ раҳбарияташ тасмим мегирад, ихтиёри онҳо аст. Агар лозим шуморад, ки самти хизматрасониҳояшро тағйир диҳад, чаро не? Агар зарурату эҳтиёҷ ба ин кор бошад ва шифохона имконият дошта бошад, бибуни баҳс, метавонанд фаъолияташонро ба роҳ монанд. Дар кишварҳои пешрафта ҳам ҳоло шифохонаҳои хусусӣ самти хизматрасонии худро тағйир дода, бо ин чолише, ки дар тандурустии ҷаҳон пеш омадааст, мубориза мебаранд” – гуфт муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон.

Нуктаи дигаре, ки метавонад боиси баҳс шавад, пулакӣ будани шифохонаҳи хусусӣ ва дар замони пандемия маҷҷонӣ табобат шудани сироятёфтагон аст. Раиси ҳайати мудирони Шифохонаи Ибни Сино мегӯяд, дар ин маврид воқеан тасмим дорад бо вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон сари баррасӣ нишинад.

“Воқеан, шифохонаи хусусӣ аз ҳисоби маболиғи мизоҷони худ мечархад. Агар ҳукумат маводи доруворӣ, либоси хос ва дигар таҷҳизотро дар ихтиёри мо гузорад, мо арзиши хизматрасониҳои худро поён хоҳем овард. Фақат маоши кормандон ва дигар хароҷотро хоҳем гирифту халос. Худ тасаввур кунед, ҳудуди 100 нафар дар шифохона қарантина мешаванд ва хӯрду хӯроку маоши онҳо бояд таъмин шавад”, - гуфт Абдухалил Холиқзода.

Шифохонаи байнулмилалии Ибни Сино дар маркази шаҳри Душанбе дар як бинои 12 – ошёнае ҷойгир аст ва тасмим дорад дар навбати аввал барои қабули маризони уфунӣ 60 кат ихтисос диҳаду ҳудуди 50 корманди худро сафарбар кунад.

Тибқи иттилои вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, ҳоло дар кишвар 702 муассисаи хусусӣ иҷозатномаи фаъолияти тиббиро ба даст оварда, аз ин 343 муассиса бо 61 филиал шахсони ҳуқуқӣ ва 299 муассиса шахсони воқеиянд.

Барчаспҳо:
бемориҳои сироятӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ