19:45 03 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
351121

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири нави тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, собиқ директори Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”, олим, доктори илми тиб, ихтироъкор ва узви Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе мебошад

ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Ҷамолиддин Абдуллозодаро Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 5 май, дар ҳоле вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон таъйин кард, ки маризии "вируси корона" дар кишвар бедодгарӣ мекунад ва теъдоди гирифториву фавт рӯз то рӯз афзоиш меёбад.

Оё вазире бо чунин ҳасби ҳол ва роҳи зиндагӣ ин буҳрони сиҳӣ дар кишварро метавонад мудирият кунад?

Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло 9 декабри соли 1966 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст.

Мактаби миёнаро дар зодгоҳаш хатм карда, соли 1984 ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуд ва соли 1989 онро хатм намуд.

Минҳайси интернаи Шифохонаи клиникии шаҳрии №5-и шаҳри Душанбе (1989 – 1990) фаъолияти хешро оғоз намуда, як замон табиб - ҷарроҳи Дармонгоҳи шаҳрии №7 (ҳоло Маркази тиббии шаҳрӣ) - и шаҳри Душанбе (1991 – 1992) буд. Ҷамолиддин Абдуллозода солҳои 1991-1997 дар Шифохонаи клиникавии шаҳрии №3 ба ҳайси духтури ҷарроҳ, солҳои 1997-2007 - мудири шӯъбаи ҷарроҳӣ, аз он ба баъд то соли 2014 дар ҳамин шифохона сардухтур кор кардааст.

Солҳои 2002 - 2004 минҳайси ассисент, баъдан дотсент ва инчунин мудири кафедраи “Ҷарроҳии умумии №2”-и Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино кор кард. Мавсуф соли 2014 сардухтури Шифохонаи клиникии шаҳрии “Ёрии таъҷилии тиббӣ ” таъин шуд ва то соли 2017 ин масъулиятро ба дӯш дошт.

“Зимнан шаҳрдори Душанбе фаъолиятҳҳои пурсамар ва навгониҳои офаридаи Абдуллозода Ҷамолиддинро ба инобат гирифта, бар зимаи номбурда масъулияти бузургеро вогузор намуданд. Соли 2017 (17 март) Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло бо қарори раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ директори Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” таъин гардид”, - омадааст дар шарҳи ҳоли ӯ, ки аз сӯи Ҳизби халқӣ – демократии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Унвону корҳои илмӣ

Ҷамолиддин Абдуллозода соли 2002 рисолаи номзадияшро дар мавзӯи "Ташхиси маҷмӯъ ва пешгирии норасоии кӯкҳои рӯдаи дувоздаҳангушта баъди буриши меъда бо усули Билрот 2" ҳимоя намуд.

Рисолаи докториро соли 2011 дар мавзӯи "Ташхис ва ба танзимдарории ҷарроҳии рефлюкси гастрит ва рефлюкси эзофагит дар бемории санги сафро" ҳимоя намуд ва соли 2012 унвони профессориро ба даст овард.

“Таҳти роҳбарии бевоситаи ӯ 5 рисолаи номзадӣ ҳимоя гардида, 3 рисолаи номзадӣ ва 1 рисолаи докторӣ дар арафаи ҳимоя қарор доранд. Ҳамзамон 4 унвонҷӯ мавзӯи рисолаи номзадиашонро тасдиқ карда, дар арафаи анҷомёбист”, - омадааст дар шарҳи ҳоли ӯ.

Муаллифи зиёда аз 351 мақолаи илмӣ, 8 монография, 23 дастурҳои методию амалӣ буда, 48 пешниҳоди ратсионалӣ ва 11 ихтироот дар соҳаи тиб кардааст.Унвони илмиаш доктори илмҳои тиб, профессор аст.

Маълумоти дигар

Дар интихоботи ахири парлумонӣ Ҷамолиддин Абдуллозода дар ҳавзаи интихоботии №23 вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон интихоб шуд.

“Барои хизматҳои шоён ва саҳми арзанда дар соҳаи тиб бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени "Шафқат" ва бо унвони фахрии "Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2015) сарфароз гардонида шудааст”, - омадааст дар муаррифии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон.

Ҳамзамон, ӯ "Аълочии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2008), «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон" (соли 2019) духтури дараҷаи олӣ буда, бо ифтихорномаву мукофотҳо қадрдонӣ шудааст.

Оиладор, соҳиби чор фарзанд.

Мавзӯъҳои асосӣ