19:33 03 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (591)
963 0 0

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар ҷараёни баргузории Ситод оид ба пешгирӣ ва мубориза бо вируси корона ё COVID-19 ба масъулини соҳа як қатор дастур додааст

ДУШАНБЕ, 5 май – Sputnik. Бар пояи иттилоъи сомонаи ҳукумати Суғд, ҷаласаи ситоди вилоятӣ дирӯз 4-уми май баргузор шудааст ва дар кори Аҳмадзода дар бораи рушди корҳои пешгирикунанда аз паҳни бемории коронавирус таъкид намудааст.

“Дар ин рӯзҳои ҳассос ҳар яки мо бояд дар канори мардум бошем ва барои тақвияти корҳои пешгирикунанда чораҳои зарурӣ андешем”, иброз доштааст, раиси вилояти Суғд.

Дар кори иҷлосия, Аҳмадзода ва масъулини сохторҳои Суғд дар хусуси пурзӯр намудани чораҳои безараргардонӣ дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят, тозаву покиза нигоҳ доштани муҳити зист, кӯчаву хиёбон ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ, танзими нарху наво дар бозор, фаровонии бозорҳо бо маҳсулоти ниёзи аввал зикр кардаанд.

Дар ҷаласаи таҳти роҳбарии Раҷаббой Аҳмадзода, иштирокчиён ба ин қарор расидаанд, ки осоишгоҳҳои ҳудуди вилоят омода карда шуда, беморони мубтало ба коронавирус пас аз рухсат шудан аз беморхонаҳо барои барқарорсозии саломатӣ ба осоишгоҳҳо ҷалб карда шаванд.

Раиси Суғд, ахиран бо судури қарорҳои худ барои пешгирӣ ва мубориза бо бемории вируси корона ё COVID-19 дар ду марҳила барои дастгирии табибон ва хариддорӣ шудани маводи зарурии тиббӣ аз буҷаи вилоят 9,5 миллион сомонӣ ҷудо намудааст.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон 30-уми апрел хуруҷи бемории коронавирус ё COVID-19 дар кишвар расман эътироф намуда, рӯзи 4-уми май дар бораи сироятёбии 230 ҳолат ва 3 фавти шаҳрвандон иттилоъ дод.

Бар пояи иттилои вазорати тандурустӣ, ки бегоҳии у-уми май нашр шудааст, 110 ҳолат дар шаҳри Душанбе, 22 ҳолат дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 7 ҳолат дар ВМКБ, 21 ҳолат дар вилояти Хатлон ва 70 ҳолат дар вилояти Суғд сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардидааст.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (591)
Барчаспҳо:
Раҷаббой Аҳмадзода, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ