Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Бистарӣ шудани беш аз 120 гирифтори илтиҳоби шуш дар ВМКБ ва нигаронии раис-видео

Обуна шудан
Мақомоти тандурустии ВМКБ дар ҷаласаи ахири Ситоди вилоятӣ барои пешгирии бемории коранавирус гузориш доданд, ки беш аз 120 нафар гирифтори илтиҳоби шуш дар беморхонаҳо бистарӣ шудаанд

ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik.  Дар ҷаласа, ки таҳти раёсати Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ, баргузор шуд, масъулини соҳаи тандурустӣ гузориш доданд, ки аз 122 нафар мубталоёни бемории илтиҳоби шуш 14 нафар пурра табобат ёфтанд, хабар дод котиботи ҳукумати ВМКБ.

Задержание недобросовестных продавцов медицинскими препаратами в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти "Ҳоҷиёдгор"-и доруфурӯш: аз ҳисоби гарон кардани нархи дору ду "Лексус" харидааст

Манбаъ афзуд, шифоёфтагон аз касалхона рухсат дода, боқимонда таҳти назорати табибон қарор доранд.

Ба иттилои котибот, Ёдгор Файзов аз он изҳори ташвиш кард, ки шумораи зиёди сокинон барои дидорбинии маризон меоянд, ки дар шароити феълӣ ин амал боиси боз ҳам бештар зиёд шудани шумораи гирифторони маризӣ мешавад.

Бо назардошти ин,раиси ВМКБ аз роҳбарияти ширкати “Тсел” хостааст, дар ҳудуди беморхонаи вилоятӣ шабакаи “wi fi”-ро таъмин намояд, то ниёзмандону беморон бо хешу пайвандони худ робитаи мустақим дошта бошанд. Масъулини ширкат изҳор доштаанд, ки дар кӯтоҳтарин фурсат ин супориши роҳбарияти вилоятро иҷро хоҳанд кард.

Файзов дар ҷаласаи ситод дар хитоб ба сокинони вилоят илтимос кард, ки аз баромадан ба кӯчаҳо худдорӣ намоянд,  фосилаи на кам аз 1,5-метр ва гигиенаи шахсиро риоя намоянд.

Тибқи иттилои котибот, Ёдгор Файзов ҳамроҳ бо муовинонаш маоши якмоҳаи худро барои дастгирии табибон ба суратҳисоби беморхонаи вилоятӣ гузаронда, аз шахсони саховатманду соҳибкорон даъват кардаанд, ки дар чунин рӯзҳои мушкил беморону табибонро дастгирӣ намоянд.

Лентаи хабарҳо
0