10:28 29 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.35
  • RUB0.14
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (436)
738 0 0

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, аз беморхонаҳо дар Суғд дидан карда, доруҳои зиддивирусии “Левофлаксасин”-ро тақсим намуд

ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Имрӯз Раҷаббой Аҳмадзода бо духтурон ва кормандони Маркази саломатии рақами 1 ва 4 шаҳри Хуҷанд мулоқот кард, хабар дод котиботи раиси Суғд.

Ба иттилои манбаъ, раиси Суғд барои фаъолияти пурсамари духтурон дар мубориза бо бемории коронавирус миннатдории мақомотро баён кард.

Котибот таъкид кард, ки бо дастгирии Аҳмадзода зиёда аз 40 ҳазор флакон дорувории махсуси зиддивирусии “Левофлаксасин” барои муолиҷаи сокинон ба беморхонаҳои вилоят ройгон тақсим карда шуд.

Манбаъ афзуд, ки ҳамчунин корҷома, ниқоб, дастпӯшак ва ҳароратсанҷхо низ ба миқдори зарурӣ дастрас гардид

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (436)

Мавзӯъҳои асосӣ