09:04 03 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.50
  • RUB0.15
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (474)
636 0 0

Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав, аз оғози фаъолияти корхонаҳои саноатию сохтмонҳо дар шаҳр ҷонибдорӣ карда, таъкид намуд, ки низоми хонашинӣ дар маҷмуъ барои аҳолӣ ҳифз карда шавад

ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Собянин имрӯз зимни ҷаласаи видеоӣ бо ҳузури Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, изҳор дошт, ки барои пурра бардоштани низоми хонашинӣ барвақт аст.

Ӯ зарур хонд, ки аз 12 май барои фаъолияти тамоми корхонаҳои саноатию сохтмонҳо иҷозат дода шавад, чун ин имкон медиҳад, ки ҳудуди ним миллион сокини Маскав ба таври комил ба кор баргарданд.

Ин нуктаро Собянин барои иқтисоди  Маскаву Русия хеле муҳим хонда, таъкид намуд, ки барои иҷозати кори бахши хизматрасонӣ ҳанӯз барвақт аст. Раиси Маскав изҳор дошт, ки дар бахши хидматрасонӣ эҳтимоли сироятёбӣ нисбатан бештар мебошад ва бинобар ин бояд маҳдудиятҳо дар ин бахш ҳифз карда шавад.

Собянин дар баробари ин таъкид кард, ки низоми хонашинӣ барои аҳолӣ бояд ҳифз ва риоя карда шавад. Путин аз ин пешниҳодҳои шаҳрдори Маскав пуштибонӣ кард.

Инчунин Собянин афзоиши гирифторони коронавирус дар пойтахтро нишони бадшавии вазъ намедонад. Шаҳрдори Маскав тавзеҳ дод, ки афзоиши омори гирифторон ба зиёд ва замонавӣ будани ташхис рабт дорад. 

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (474)

Мавзӯъҳои асосӣ