18:12 26 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.19
  • RUB0.14
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
48201

Толиб Карими Озарахш шоири халқии Тоҷикистон баъд аз 22 рӯзи табобат, пас аз зуҳри 7-уми май аз бемористон рухсат шудааст. Ин шоири номвар дар паём ба дӯстону ҳамкорон ва ҳаводоронаш зикр намудааст, ки худу наздиконашонро эҳтиёт кунанд

ДУШАНБЕ, 8 май – Sputnik. Ин шоири тоҷик ва сармуҳаррири маҷаллаи адабии “Паёми Суғд” и ҳукумати вилоят ҳанӯз рӯзи 15-уми апрел, ба бемористони Шайх Бурҳон и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров интиқол дода шуд.

В Москве открыт третий коронавирусный центр сети РЖД-Медицина
Пресс-служба мэра и правительства Москвы

Ба дунболи бистарӣ шудани Озарахш, ҳамсари ӯ, шоири номвари тоҷик Фарзона ҳам ба ин бемористон интиқол ёфта буд.

Он замон мақомоти тандурустии вилояти Суғд сабаби дар бемористон қарор доштани ин ду узви як хонаводаро ба табобат фарогирифтани Озарахш шаҳр медоданд.

Маъруф Ҳоҷибоев, муовини сардори Раёсати тандурустии Суғд, дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки Озарахш дар беморхона табобат мегиранд ва шоира Фарзона танҳо ба хотири нигоҳубини шавҳарашон қарор доранд.

Он замон Ҳоҷибоев ташхиси бемории Озарахшро “илтиҳоби роҳи болоии нафас” маънидод карда, гуфта буд, ки болоравии тасф хастагиву беҳолиро ба вуҷуд овардааст.

Аммо баъзе коршиносони умури беҳдоштӣ авҷи бемориҳои илтиҳоби шушро, гунае аз бемории ҳамшабеҳи “вируси карона” маънидод мекунанд. Ва мақомот ҳам ба хотири пешгирӣ аз сирояти эҳтимолии он, ба ҳисоби нафари бемор ба қарантинкунии аъзои хонаводаи беморон пардохтанд.

Баъди аз бемористон рухсат шудани Озарахш ва Фарзона дар рӯзи 7-уми май бар асоси супориши Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, Фаррух Мақсудзода, сардори Раёсати тандурустии вилоят ва Мунира Раҳимзода, роҳбари идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд ба манзили ин шоирон ташриф оварда, бо Фарзона ҳамсуҳбат шуда, барои пирӯзӣ бар маризӣ аз ҳисоби ҳукумат туҳфа тақдим намудаанд.

Шоира Фарзона зимни суҳбат бо масъулин изҳор намудааст, ки аз бистарӣ шудани Озарахш шахсан худи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва дигар масъулини баландмақоми кишвар огаҳ буда, пайваста аз вазъи саломатӣ ва ҷараёни кори табобат пурсон будаанд.

Ӯ барои масъулини воломақоми кишвар ва табибон изҳори сипосмандӣ кардааст. “Озарахш бисёр бо таҳаммули мардона, бо собирӣ, бо шукри беҳад ин ҳама ғаму ранҷу орезаву дардро сипарӣ карданд ва ҳоло дар марҳилаи таҳаввул ва таҷаддуд қарор доранд.

Барои хонаводаи мо паёми нек ин буд, ки ягон нафар дар сӯе истодаву бетараф ва бетафовут набуд. Ҳатто Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Пешвои миллат аз тариқи чандин масъулон ва маъмурон ба Озарахш саломи хос мефиристоданд.

Ин ҳамарӯз раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҳамеша ёвари мо буданд. Ва одамҳои оддитарини олам, одамҳои маъмулӣ ҳамеша дуо мефиристоданд. Аз дуо қимматмандтар, аз дуо гаронқадртар аз дуо бамиқдортар чи ҳаст? Ман мехостам барои он табибони ҷоннисоре, ки ин ҳамарӯз ҳамроҳи гирифторон ҳамроҳи маризон басар бурданд ва бисёр сарсупурдагиву бузургиҳо карданд ҳазор хирмани сипос гуям”, иброз намудааст, Фарзона. 

Ҳолномаи шоир

Толиби (Каримов) Озарахш дар соли 1963 дар ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Аз соли 1999 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда, соли 2019 унвони шоири халқии Тоҷикистонро гирифтаст.

Дар 2015 сардабири маҷаллаи адабии "Паёми Суғд" и ҳукумати Суғд мебошад.

Дар тӯли бештар аз 35 соли фаъолияти эҷодияш Озарахш як зумра маҷмӯаи шеърҳояшро бо номҳои “Аз чашмасор омадам”, “Намози мусофир”, “Чархболи Офтоб”, “Девони Ишқ” ва “Ватаннома” ба нашр расонидааст.

Ҳамчунин то ин муддат матни чандин таронаи ҳофизон аз ҷумла дар васфи ватан, сулҳ, дунё – ро эҷод намудааст. Фарзонаи (Хоҷаева) Хуҷандӣ соли 1962 дар ноҳияи Хуҷанд (Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст.

Аз соли 1989 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда, соли 1995 унвони шоири халқии Тоҷикистонро ба худ ихтисос додааст. Ӯ аз шогирдони аслии шоири зиндаёди тоҷик Лоиқ Шералӣ ба ҳисоб меравад.

То ин замон китобҳои шеърии ӯ бо номи "Тулӯи хандарез”, “Шабохуни барқ”, “Ояти ишқ”, “Қатрае аз Мӯлиён”, “Сӯзи нотамом” ва “Муҳри гули мино” дар Тоҷикистон нашр шудаву дар соири кишварҳои Афғонистону Эрон, Инглистон ва Порис рунамоӣ шудаанд.

 

Барчаспҳо:
рухсат, беморхона, Фарзона, Толиб Карими Озарахш, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ