07:27 03 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.50
  • RUB0.15
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
250 0 0

Табибон ҳолати вазъи вазирро қаноатбахш арзёбӣ мекунанд ва айни замон ӯ дар карантинаи хонагӣ қарор дорад

ДУШАНБЕ, 8 май – Sputnik. Вазири тандурустии Афғонистон Фарозуддин Фароз мубталои бемории коронавирус шудааст, хабар медиҳад TOLO News.

Ба гуфтаи намояндаи Вазорати тандурустии кишвар Ваҳидуллоҳ Мияр, ҳолати Фароз қаноатбахш арзёбӣ шуда, ҳоло вай дар хона дар қарантина аст.

Ёдовар мешавем, қаблан низ 40 мақоми кобинаи Аҳмад Зай низ гирифтори коронавирус шуданд.

Ахиран президенти ин кишвар ҳамроҳи ҳамсараш барои муаян кардани вазъи саломатӣ аз ташхиси коронавирус гузаштанд.

Бар пояи оморҳои ахир, теъдоди гирифторони ин беморӣ дар Афғонистон ба 3 ҳазору 563 нафар мерасад.

Мақомоти Афғонистон ба хотири афзоиши шумори афроди олуда ба коронавирус дар кишвар, барои пешгирӣ аз паҳншавии ин вирус маҳдудиятҳоро то 9 май тамдид кард.

Мавзӯъҳои асосӣ