10:19 29 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.35
  • RUB0.14
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
177401

Шаҳрдории Душанбе қарор кардааст, ки фаъолияти бозорҳои фурӯши либосворӣ дар пойтахт то 31 май қатъ карда шавад

ДУШАНБЕ, 8 май – Sputnik. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади ҳифзи сокинони пойтахт аз сирояти коронавирус - COVID-19 тасмим гирифтааст, ки қатъи фаъолияти ҳамаи бозорҳои фурӯши либосаи шаҳр, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ то 31 майи соли 2020 тамдид шавад.

Котиботи шаҳрдорӣ бо нашри ин хабар таъкид намудааст, ки дар бозорҳо рӯзҳои санитарӣ гузаронда мешаванд.

Сохторҳои дахлдори шаҳрдорӣ вазифадор шудаанд, ки дар ҳамкорӣ бо роҳбарони ҳамаи бозорҳои фурӯши либоса дар ин муддат корҳои безараргардонӣ ва дезинфексиониро мунтазам амалӣ намоянд.

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, то соати 17:30 дақиқаи 7 май теъдоди гирифторони "вируси корона" дар кишвар ба 461 нафар расида, шумораи онҳое, ки аз ин маризӣ чашм аз олам пӯшидаанд, 4 нафар афзуд ва ба 12 нафар расид.

"Ба ҳолати шоми 7 майи соли равон дар муассисаҳои табобатии кишвар 4205 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 345 нафар пас аз гузаронидани ташхису муоина дар ҳолати қаноатбахш аз муассисаҳои табобатӣ ба хонаҳояшон ҷавоб дода шудаанд”, - омадааст дар иттилоияи вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон.

Барчаспҳо:
Ҳукумат, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ