14:35 29 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.35
  • RUB0.14
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
373 0 0

Масъулини Додситонии кулли Тоҷикистон якҷоя бо намояндагони мақомоти маҳаллии ноҳияи Сино, кӯча ба кӯча гашта, аҳамияти риояи фосила ва қоидаҳои гигиениро фаҳмондаанд

ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Мақомдорони додситонӣ ва идораҳои маҳаллии ноҳияи Сино ба 4440 адад манзилҳои истиқоматӣ дар маҳаллаҳои 13, 14, 31 ва Яккачинори Душанбе рафта, суҳбатҳо анҷом додаанд.

"Зимни вохӯрӣ ба шаҳрвандон зарурати риояи ҳатмии қоидаҳои санитарию гигиенӣ, ба таҳлука наафтодан, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ риоя намудани фосилаи на кам аз 1,5 метр, пӯшидани ниқоб, мунтазам бо собун шустани дастҳо, истифода бурдани маҳлулҳои антисептикӣ, бе зарурат аз хона набаромадани шахсони аз 60-сола боло, ташкил накардани ҳар гуна ҷамъомаду маъракаҳо фаҳмонда шуд", - омадааст дар иттилоияи Додситонии кулли Тоҷикистон.

Ин ниҳод таъкид кард, ки ба шаҳрвандон дар бораи роҳҳои паҳншавии бемории номбурда, тарзу усули ба бадан ворид шудани вирус маълумот дода шуд.

Манбаъ афзуд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ барои пешгирии бемориҳои сироятӣ аз ҷониби кормандони мақомоти прокуратура идома дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ