16:30 29 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.35
  • RUB0.14
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (440)
692 0 0

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо вазири тандурустии Ӯзбекистон Алишер Шадманов телефонӣ суҳбат кард

ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Рӯзи 8 майи соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо вазири тандурустии Ӯзбекистон Алишер Шадманов телефонӣ суҳбат карда, барои фиристодани кумак изҳори сипос кард.

Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ, нахуст вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои фиристодани мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва кӯмакҳои башардӯстона бо мақсади пешгирӣ ва табобати гирифторони бемории коронавируси нави COVID-19 ба мамлакат изҳори миннатдорӣ баён намудааст.

Зимни суҳбат таҷрибаи табибони кишвари Ӯзбекистон ҷиҳати табобати беморони сирояти коронавируси нави  COVID-19 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зикр гардид, ки ҳадаф аз фиристодани табибони баландихтисоси ӯзбекистонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон муосидат намудани онҳо ба ҳамтоёни  хеш ҷиҳати табобати гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 мебошад.

Вирусшиносони ӯзбек барои мубориза бо COVID-19 вориди Душанбе шуданд

Манбаъ афзуда, ки дар анҷоми суҳбат ҷонибҳо ҷиҳати боз ҳам густариш додани ҳамкориҳо дар самтҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди сирояти коронавируси нави COVID-19, ки имрӯз  саросари оламро фаро гирифтааст,  омодагии хешро иброз намудаанд.

Группа узбекских врачей отправилась в Таджикистан, чтобы помочь в борьбе с коронавирусной инфекцией
Министерство здравоохранения Узбекистана
Группа узбекских врачей отправилась в Таджикистан, чтобы помочь в борьбе с коронавирусной инфекцией

 

Ёдрас мешавем, ки Ҷумҳурии Ӯзбекистон 8 нафар мутахассисони соҳаи тандурустии худро ба сифати вирусолог барои ташхису табобати Covid-19 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристонд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (440)
Барчаспҳо:
изҳори миннатдорӣ, ҳукумати Ӯзбекистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ