15:24 29 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.35
  • RUB0.14
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
1442 0 0

Шумори мубталоёни коронавирус дар сартосари ҷаҳон бино бар оморҳои субҳи имрӯз аз чор миллион нафар гузашт

ДУШАНБЕ, 10  май - Sputnik. Бино ба омори ахире, ки аз суи Донишгоҳи Ҷон Хопкинси ИМА чанд дақиқаи пеш нашр шуд шумори мубталоёни коронавирус дар ҷаҳон ба 4 миллиону 24 ҳазору 737 нафар расидааст.

Аз рӯи омори сироятёфтагон ва фавтидагон Амрико, Испания ва Италия ҳануз дар ҷойи авваланд. Чин, ки нахустин маркази сирояти беморӣ мебошад, пас аз Эрону Туркия дар ҷойи 11 қарор гирифта, аз даҳгона хориҷ шуд. Русия бошад дар зинаи 5 қарор дорад.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (1 343 937 нафар), Испания (223 578), Италия (218 268), Британияи Кабир (215 260), Русия (198 676) Олмон (171 324), Бразилия (156 061) Фаронса (138 854), Туркия (137 115) ва Эрон (106 220)  дохил мешаванд.

Шумори шифоёфтагон аз ҳама бештар дар ИМА — 201 293 нафар, Испания – 133 952, Италия – 103 031,Олмон – 138 330, Эрон – 48 129, Фаронса – 56 038, ТУркия -89 480, Швейтсария –26 400, Бразилия – 61 685 ва Эрон – 86 064 нафар мебошанд.

Омори COVID-19 дар шаҳру вилоятҳои Тоҷикистон: 6 фавт ва 90 мавриди ҷадид

Ба қатори давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, ИМА (79 696), Италия (30 395 нафар), Испания (26 478), Британияи Кабир (31 587), Фаронса (15 729),  Эрон (6 589),Бразилия (26 310), Олмон (7 549), Нидерланд (5 422) ва Белгия (8 581) дохил мешаванд.

Бар пояи оморҳои рӯзи гузаштаи мақомоти Тоҷикистон шумори мубталоёни беморӣ дар кишвар ба 612 нафар расида, аз он 20 тан фавтидаанд.

Вазорати тандурустӣ нахустин бор аз гирифтории 15 сокини кишвар ба коронавирус 30 апрел хабар дода буд.

 

Мавзӯъҳои асосӣ