13:58 06 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (607)
550 0 0

Омори тоза дар бораи шумораи ҳолатҳои ошкоршудаи коронавируси COVID-19 дар Федератсияи Россия нашр шудааст

ДУШАНБЕ, 10 май – Sputnik. Теъдоди бемороне, ки дар Русия ба коронавирус гирифтор шудаанд ба 209 ҳазор нафар расидааст, хабар медиҳад ситоди фаврӣ.

Дар маҷмӯъ, давоми як шабонарӯз 11 012 ҳолати нав ошкор карда шудааст.

Шумори умумии фавтидагон бошад ба 88 нафар расида, ин омор дар умум ба 2 ҳазор наздик мешавад.

Гуфта мешавад,  давоми як шабонарӯз ҳамчунин тақрибан 2390 нафар шифо ёфта шумораи умумии табобатшудагон ба  34 ҳазор нафар мерасад.

Тибқи маълумоти Роспотребнадзор, ҳамчунин дар як шабонарӯз беш аз 200 ҳазор санҷиш гузаронида шудааст (дар тамоми вақт 5,4 миллион).

Русия дар қатори кишварҳое, ки сатҳи гирифтории коронавирус дар он баланд аст, пас аз ИМА, Испания, Италия ва Фаронсаву Британияи Кабир дар ҷойи панҷу меистад.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (607)
Барчаспҳо:
омор, тест, гирифторон, фавт, табобат, вирус, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ