Охирин омори коронавирус дар Эрон: фавти 50 нафар ва шифои беш аз 89 ҳазор бемор

© Sputnik / Soheil GhanbarzadehПассажиры метро в Тегеране
Пассажиры метро в Тегеране - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати беҳдошти Эрон эълом кард, ки то кунун аз миёни ҳудуди 112 ҳазор нафар аз мубталоён ба коронавирус дар кишвар, 89 ҳазору 428 нафар беҳбуд ёфта, аз бемористонҳо рухсат ёфтаанд

ДУШАНБЕ, 13 май – Sputnik. Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигорон дар бораи охирин омори мубталоён ба коронавирус гуфт, хабар дод "Парстудей". 

Жители Узбекистана в защитных масках - Sputnik Тоҷикистон
Омори хушоянд аз коронавирус дар Ӯзбекистон: боқӣ мондани танҳо як мариз дар Фарғона

Ҷаҳонпур хабар дод, ки дар 24 соати гузашта, 1 ҳазору 958 бемори нав шиносоӣ шудаанд. Ӯ афзуд, то кунун бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, 112 ҳазору 725 нафар дар Эрон ба коронавирус мубтало шудаанд.

Ҷаҳонпур ҳамчунин бо ишора ба фавти  50 нафар дар 24 соати гузашта, гуфт фавти бархоста аз коронавирус  дар Эрон ба 6 ҳазору  783 нафар расидааст.

Раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти  Эрон баён дошт, ки то кунун ҳудуди 630 ҳазор озмоиши ташхиси КОВИД-19 дар озмоишгоҳҳои кишвар анҷом шудааст.

Ӯ тавзеҳ дод, ки камтар аз 30 дарсади  мавориди нав аз бистарии бемористонӣ ва ҳудуди 70 дарсади маворид аз афроде аст, ки нишонаҳои хафиф ва сабук доранд.

Лентаи хабарҳо
0