12:53 06 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
570 0 0

Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд бо баргузории ҷаласае масоили пешгирӣ ва мубориза бо бемории коронавирус COVID-19 ро дар миён гузошта, масъулини сохторҳои шаҳрдориро барои иҷрои корҳои саривақтӣ вазифадор намудааст

ДУШАНБЕ, 15 май – Sputnik. Бино ба гуфти котиби матбуоти ҳукумати Хуҷанд дар ин ҷаласа Муҳаммадзода, дар бораи вусъат додани корҳои беҳдоштӣ дар мубориза бо “вируси корона” дастур додааст.

Раиси Ситоди Хуҷанд оид ба пешгирии сирояти COVID – 19 дастур додааст, ки корхонаҳои саноатии шаҳр фаъолияти худро баҳри истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ бо самар ба роҳ монда, дар ин ҷода роҳбарон бояд барои пешгирӣ аз паҳншавии беморӣ чораандешӣ кунанд.

Бар пояи иттилоияе, ки онро котиби матбуоти ҳукумати Хуҷанд, ки дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дод, дар ин ҷаласаи корӣ таъкид шудааст, ки бояд то замони ба эътидол омадани вазъи бемории “вируси корона”шаҳрвандонро лозим аст, ки аз баргузории туйю маъракаҳо худдорӣ намоянд.

Аз ҷониби ҳукумати шаҳр ба 22 маҳаллаҳои он як ададӣ дастгоҳҳои дорупошӣ тақдим карда мешавад, то ин ки шаҳрвандон дар баробари сохторҳои шаҳрӣ баҳри тамизгардонии манзили худ аз онҳо истифода кунанд.

Раиси шаҳри Хуҷанд ва раиси ситод оид ба пешгирӣ ва мубориза бо бемории COVID- 19 дар маркази Суғд ба масъулини сохторҳо дар бораи роҳандозии фурӯши маҳсулоти озуқаворӣ дар нуқтаҳои “Гӯшаи деҳқон” дар маҳалаҳҳо, фаровон гардонидани маводи озуқаворӣ дар мағозаҳои бузурги шаҳр ва риояи тадбирҳои беҳоштӣ дар ин гуна марказҳои савдоро муҳим арзёбӣ намудааст.

“Ин чиз вазифаи мову шумо аст. Мо роҳбар ҳастем мо барои саломатии мардум ҷавобгар мебошем. Саломатии мардум аз ҳама чиз дида қиммат аст”, таъкид намудааст Муҳаммадзода.

Раиси шаҳри Хуҷанд, дар ҷараёни баргузории ҷаласа ҳамчунин иброз намудааст, ки ин ҳама тадбирҳо баҳри пешгирии бемории сироятӣ роҳандозӣ гардида, масъулинро зарур аст, ки дар бораи бурдани корҳои тарғиботӣ ба аҳолӣ, назорати кӯдакону наврасон зимни таътил, бидуни зарурат ба кӯча набаромадани калонсолон тадбирҳо андешанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ рӯзи 30-уми апрел нахустин бор аз гирифтории 15 сокини кишвар ба коронавирус хабар дода буд. Бино ба оморе, ки дирӯз 14-уми май ин вазорат эълон кард, шумори мубталоёни беморӣ дар кишвар ба 907 нафар расида, то ин сана 29 тан фавтидаанд.

Барчаспҳо:
пешгирӣ, вирус, дастур, Маҳмудзода Маъруф, ситод, Хуҷанд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ