15:27 29 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.35
  • RUB0.14
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (440)
1326 0 0

Тибқи иттилои расмӣ, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокирзода пас аз табобат аз бемории илтиҳоби шуш аз беморхона мураххас шудааст

ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокирзода аз бемории пневмония шифо ёфт, хабар медиҳад, Вазорати тандурустии Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, сиёсатмадор ҳафтае пеш - рӯзи 5 май бистарӣ карда шуд.

"Ҳамлаи пневмония" ба генералҳои ВКД: бидуни талафот

Дирӯз, 15 май Маҳмадтоҳир Зокирзода аз бемористони сироятии шаҳри Душанбе ҷавоб шуд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокирзода, ба фаъолияти табибони беморхона баҳои баланд дод.

Супориши Ҳукумат: Абдуллоҳи Раҳнаморо ба бемористони "Зарафшон" бурданд

Манбаъ афзуда, ки Зокирзода ба раҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва кормандони тибб изҳори сипос кардааст.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (440)
Барчаспҳо:
бемористон, мураххас мешавад, Маҷлиси намояндагон, раис, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ