15:37 29 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.35
  • RUB0.14
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (440)
194 0 0

Дар Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии "Фарматсия"-и донишгоҳ 1800 адад (100 мл) маҳлулҳои антисептикии тамиз кардани дастон "Лавандол" ва "Глисэп" истеҳсол ва 100 литр маҳлули антисентикии спирти 700 омода карда шуд

ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Бо мақсади мубориза ва пешгирии бемории сироятии коронавируси COVID-19, бо иқдоми роҳбарияти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва дастгирии Вазорати тандурустӣ, дар Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии "Фарматсия"-и донишгоҳи мазкур истеҳсоли маҳлулҳои антисептикии тамиз кардани дастон "Лавандол" ва "Глисэп" ба роҳ монда шудааст.

Дар ин бора Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Мошинҳои корхонаи Сиёма, акс аз бойгонӣ
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Бино ба гузориши манбаъ, истеҳсоли маҳлули антисептикии "Лавандол" дар асоси Сертификати мутобиқати силсилаи TJT, №0993695-и КВД «ЭОМФТ»-и Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз 29 апрели соли 2020 дар Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии "Фарматсия"-и донишгоҳ ба роҳ монда шуда, аз спирти 700 ва равғани лаванда иборат мебошад.

Истеҳсоли маҳлули антисептикии "Глисэп" дар асоси Сертификати мутобиқати силсилаи TJT, №0993696-и КВД «ЭОМФТ»-и Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз 29 апрели соли 2020 дар Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии "Фарматсия"-и донишгоҳ ба роҳ монда шуда, аз спирти 700, маҳлули перекиси гидроген ва глитсерин иборат мебошад.

Инчунин, дар Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии "Фарматсия"-и донишгоҳ омода намудани маҳлули антисентикии спирти 700 ба роҳ монда шудааст.

Манбаъ афзуда, ки дар Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии "Фарматсия"-и донишгоҳ 1800 адад (100 мл) маҳлулҳои антисептикии тамиз кардани дастон "Лавандол" ва "Глисэп" истеҳсол ва 100 литр маҳлули антисентикии спирти 700 омода карда шуда, барои тамизи дастони донишҷӯён, муҳассилини баъдидпломӣ, омӯзгорон, кормандони донишгоҳ тариқи ройгон истифода карда истодаанд ва ҳамчун кумак ба беморхонаҳои шаҳри Душанбе, барои табибон дастрас карда шуда истодаанд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (440)
Барчаспҳо:
истеҳсол, Вазорати тандурустӣ, Донишгоҳи тиббӣ

Мавзӯъҳои асосӣ