Дастури қатъии Вазорати тандурустӣ барои назорати тақсими доруворӣ дар беморхонаҳо

© Sputnik / Амир ИсаевЗдание Министерства здравоохранения
Здание Министерства здравоохранения  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба як ниҳоди зертобеяш дастури қатъӣ додааст ки тақсимоти дорувориро зери назорат гирад

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати тандурустии кишвар ин нукта дар ҷалсаи ахири ситоди вазорат оид ба пешгирӣ ва табобати гирифторони COVID-19, бо ширкати Ҷамолиддин Абдуллозода ва муовинонаш таъкид гаштааст.

Врач, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Фаврӣ: шумораи гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон зиёд шуд - омори нав

Ба иттилои манбаъ, Ҷамолиддин Абдуллозода ба Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш дода додааст, ки назорати тақсимоти маводҳои дорувориро ба муассисаҳои тандурустӣ зери назорати қатъӣ қарор бидиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи навбатии ситоди вазорат ҳамчунин масъалаҳои назорат ва табобати беморони COVID-19, таъмини беморхонаҳо бо маводҳои доруворӣ ва зиддивирусӣ, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд..

Вазири тандурустӣ ҳамчунин дастур додааст, ки бояд ҳарчи бештар корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ вобаста ба пешгирии бемории  COVID-19 тариқи ВАО боз ҳам чонноктар  карда шавад.

Бар пояи оморҳои рӯзи гузаштаи мақомоти Тоҷикистон шумори мубталоёни беморӣ дар кишвар ба 1322 нафар расида, аз он 36 тан фавтидаанд.

Вазорати тандурустӣ нахустин бор аз гирифтории 15 сокини кишвар ба коронавирус 30 апрел хабар дода буд.

 

Лентаи хабарҳо
0