18:07 31 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (453)
642210

Маркази миллии таҳқиқотии эпидемиология ва микробиология (НИЦЭМ) ба номи Н.Ф. Гамалеяи Русия эълон кард, ки воксини зидди COVID-19-ро сохтааст ва он мумкин аз авохири тобистони имсол барояд

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik.  Дар ин бора Александр Гинтсбург, раҳбари ин маркази таҳқиқоӣ зимни суҳбаташ дар филми мустанади "Опасный вирус 5" дар шабакаи телевизионии "Россия 1" хабар дода, гуфтааст, агар мушкиле пеш наояд, охирҳои моҳи август онро сабти ном хоҳанд кард.

Номбурда мегӯяд, таҳияи воксинаи мазкур моҳи феврал оғоз ёфта, дар таҳияи он платформаи умумиеро, ки қаблан дар воксинаи зидди табларзаи Эбола ва коронавируси MERS истифода шуда буд, истифода кардаанд.

Ба гуфти ӯ воксин дар марҳалаи озмоиши токлиникӣ қарор дорад, ки як моҳро дар бар мегирад ва пас аз он Вазорати тандурустии Русия санҷишро дар одамон иҷозат медиҳад.

Ӯ мегӯяд санҷишҳои аллакай гузаронидаашон натоҷи назаррас додааст.

Гунтсбург таъкид кард, ки пас аз ба қайд гирифтан ва оғози истеҳсоли ваксина, фавран эмкунӣ кардани тамоми сокинони кишвар ғайриимкон аст.

Мдири марказ илова намуд, ки Вазорати тандурустӣ барои тавлиди ваксинаҳо аз тамоми имконоти имконпазир истифода хоҳад кард.

Олим ишора кард, ки таҳиягарони воксина аллакай онро дар худ низ санҷидаанд.

Имрӯзҳо беш аз 70 гурӯҳи пизишкон дар саросари ҷаҳон барои пайдо кардани ваксина алайҳи коронавирус пажӯҳиш мегузаронанд.

Қаблан Николай Малишев, доктори илмҳои тиб, профессор, пизишки сироятшинос гуфта буд, ки ваксинаи зидди коронавирус на пештар аз ним сол пайдо мешавад.

Бо гузашти анқарид шаш моҳ аз пайдошиши ин вирус ҳануз ба ягон олим муяссар нагаштааст, ки дору барои пешгирӣ ва муолиҷаи онро таҳия кунад.

Дар Русия, тибқи маълумоти охирин, 272 ҳазор ҳолати гирифтори ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Ҳамакнун аз ин беморӣ 63 ҳазор шифо ёфтаву беш аз дуним ҳазор нафар фавтидаанд.

Авохири моҳи декабр мақомоти Чин аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар доданд.

Сипас муайян шуд, ки барангезандаи ин маризӣ коронавирус - 2019-nCoV мебошад. Нахустин мубталоёни ин вируси навро дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо карданд. 

Вирус зуд берун аз шаҳр ва кишвар паҳн гардид.

Рӯзи 11 март Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт хуруҷи коронавируси навро дар ҷаҳон пандемия эълон кард.

Бар пояи оморҳои ахир дар саросари ҷаҳон, беш аз 4, 6 миллион гирифтор гаштаву 1,6 миллион шифо ёфта, 309 ҳазор нафар фавтидааст.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (453)
Барчаспҳо:
Олимон, санҷиш, Эбола, вирус, дору, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ