Соҳибкорон дар ноҳияи Ҳамадонӣ беморхонаҳоро таъмир карда, дору хариданд

© Sputnik / Сергей Пятаков / Гузариш ба медиабонкПациент в больничной койке, архивное фото
Пациент в больничной койке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Соҳибкорони Ҷамоати деҳоти Турдиеви ноҳияи Мир Сайид Алӣ Ҳамадонӣ беморхонаи ҷамоатро таъмир карда, барои мубориза бо коронавирус ба маблағи 70 ҳазор сомонӣ доруворӣ харидаанд

ДУШАНБЕ, 17 май – Sputnik. Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ бинои беморхонаи Ҷамоати деҳоти Турдиев пурра аз таъмири асосӣ бароварда ва бо шароити зарурӣ таъмин карда шуд, хабар дод дафтари матбуоти ҳукумати Хатлон.

Ба иттилои манбаъ, беморхона аз се шуъба ва 20 кат иборат буда, ба 11 ҳазор аҳолии деҳа хизмат мерасонад.

Чунин корҳои навсозӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар беморхонаи Ҷамоати деҳоти “Даштигуло”-и ноҳия низ анҷом дода шудааст.

Инчунин, аз ҷониби соҳибкорон ва шахсони саховатпеша бо мақсади ҳифзи солимии ҷомеа ва пешгирии хуруҷи вируси нави Ковид-19 ба муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ба маблағи беш аз 70 ҳазор сомонӣ маводи доруворӣ расонида шудааст.

Лентаи хабарҳо
0