09:51 29 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.35
  • RUB0.14
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
280310

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мегӯяд, дар қиёс бо дигар кишварҳои олам ҳеҷ тифле дар Тоҷикистон ба маризии “вируси корона” гирифтор нашудааст

ДУШАНБЕ, 18 май – Sputnik. Эмомалии Мирзо, сухангӯи вазорат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, аз рӯзе, ки аввалин мавориди гирифторӣ ба “вируси корона” дар Тоҷикистон эълон шуданд, ҳеҷ мавриде аз ибтилои тифлон ба CОVID-19 сабт нашудааст.

 “Хушбахтона, миёни аз 1 то 10 – солаҳои кишвар ҳеҷ касе гирифтор нашуда, дар миёни онҳое, ки аз 10 то 20 – сола ҳастанд, як маврид сабт шудааст, ки ӯ ҳам ба саломатӣ рухсат шуда, ҳеҷ хатаре ба зиндагиаш вуҷуд надорад”, - гуфт Эмомалии Мирзо.

Сухангӯи вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз ин бештар тафсилоте ироа накард, аммо бино ба иттилои дарёфтӣ, танҳо наврасе, ки ба ин маризӣ ибтило ёфтааст, як духтари 16 – сола будааст ва мавсуф дар корпуси 2 – юми Маркази тиббии “Шифобахш”, маъруф ба Шифохонаи Қарияи Боло, тайи як ҳафта табобат гирифта, рухсат шудааст.

Дар ҳамин ҳол, қарантина шудани фарзандони наврасу хурдсол дар пайи гирифторӣ ё фавти наздикони худ бо маризиҳои мухталиф, назири “пневмония”, расман дар Душанбеву вилоятҳои Суғду Хатлон гузориш мешуданд.

Аз ҷумла пайвандони хонаводаҳои Ҳабибуллоҳ Шодиев ва Абдухалил Ҷӯрабоев, сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ва Ҷалолиддин Абдуҷабборзода, сардори шӯъбаи назорати милитсияи прокуратураи шаҳри Душанбе, ки дар пайи гирифторӣ ба “пневмония” вафот карданд, бо қарантина фаро гирифта шуда буданд.

 Тибқи гузоришҳои расмӣ, ҳамаи онҳо сиҳату саломат ба хонаҳои худ баргаштаанд. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар оғози авҷи шуюъи “вируси корона” ва фавтҳо аз “пневмония” шӯъбаи бачагонаи Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” – и шаҳри Душанберо барои гирифторони эҳтимолӣ аз миёни наврасону тифлон омода карда буд.

Дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон кормандони ин шифохона гуфтанд, ки ягон тифл ё наврас бо нишонаҳои маризии “вируси корона” – ро қабул накардаанд ва шӯъбаи бачагона низ ба қабули бузургсолон тахсис ёфт.

Дар иттилоияе, ки маркази матбуоти вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дод, то соати 17:00 – и имрӯз – 18 май, теъдоди гирифторони “вируси корона” дар кишвар ба 1729 (205 мавриди ҷадид), шумораи онҳое, ки аз ин маризӣ ҷон додаанд, ба 41 нафар (2 мавриди ҷадид) расид.

Ҳамзамон бино ба ин манбаъ, дар кишвар 4016 нафар зери назорати табибон қарор дошта, шабонарӯзи охир 407 нафар ба хонаҳояшон рухсат шудаанд, ки дар миёни онҳо низ наврасону тифлон ҳузур надоранд.

Барчаспҳо:
тоҷик, наврас, маризӣ, тифл, вирус, Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ

Мавзӯъҳои асосӣ