21:53 05 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
304640

Бобоҷон Назаров, олими тоҷик, ки дар ҳамкорӣ бо пажуҳишгарони Донишгоҳи Оксфорду муҳаққиқони Ҷопону Олмон барои таҳияи доруи зидди коронавирус кор мекунад, иҷозат барои санҷиши дору дар беморони коронавирусро гирифтааст

ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Назаров, донишманди тоҷики муқими Бритониё, изҳор доштааст, ки доруи зидди коронавирус дар заминаи доруҳои камостат ва нафамостат таҳия мешаванд.

Ӯ дар суҳбат бо РИА Новости гуфтааст, доруҳои мазкур аз вуруди вирус ба ҳуҷайра ҷилавгирӣ карда, тариқи коҳиши бандшавии хун илтиҳобро пешгирӣ мекунанд.

Манбаъ афзудаст, ки ҳарду дору дар Британияи Кабир аз санҷишҳои лабораторӣ гузашта, таҳиягарон тамоми иҷозатномаҳоро барои санҷиши болинӣ дар беморон гирифтаанд. Интизор меравад, ки санҷиш дар беморон тайи ду ҳафтаи наздик оғоз гардад.

Назаров изҳор доштааст, ки бар асоси пажуҳишҳо самаранокии доруҳо давоми 14 рӯз муайян хоҳад шуд. Ӯ тавзеҳ додаст, ки авориз аз ин доруҳо хеле кам буда, шояд дар бархе ҳолатҳо аллергия ҷой дошта бошад.

Олими тоҷик умед дорад, ки дар пайи санҷишҳои муваффақ доруҳо ба Тоҷикистон низ интиқол дода хоҳанд шуд.

“Ман дар Тоҷикистон шӯравӣ таваллуд шудааму худро зодаи шӯравӣ эҳсос мекунам. Агар дору босамар барояд, мехоҳам бо Тоҷикистон, Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар истеҳсоли онҳо ҳамкорӣ кунам. Ин хеле муҳим ва зарурӣ буда, мехоҳам дар ин роҳ кумак расонам”, - овардааст РИА Новости аз қавли Назаров.

Мавзӯъҳои асосӣ