21:24 05 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
6365 0 0

Дар робита ба хуруҷи дигарбораи маризии сироятии коронавирус беш аз 100 миллион сокинони музофоти Сзилини Чин ба карантин фаро гирифта шуданд

ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Ин навбат маркази хуруҷи такрории маризии коронавирус дар шаҳри Шулан сурат гирифт. Ин шаҳр бо Примори Русия ҳаммарз аст.

Bloomberg дар гузориши худ қайд намудаст, ки вуруди дигарбораи маризии коронавирус ба ин шаҳр маҳз аз Русия сурат гирифтааст.

"Ин вирусро нафароне, ки Русия мариз шуданд ва аснои ворид шудан ба ватани худ интиқол доданд", - омадааст дар хабар.

Манбаъ меафзояд, дар шаҳри Шулан ва музофоти Сзилин сар аз 18 - уми май карантини сартосарӣ эълон шуд.

Гузашта аз ин ҳукумат ҳаракати нақлиёти ҷамъиятиро масдуд кард, дари макотибҳоро баст ва ба раванди вуруду хуруҷ шудан аз шаҳр низ маҳдудиятҳо ҷорӣ кард.

Русия аз Чин пеш гузашт: теъдоди дардмандони коронавирус ба беш аз 80 ҳазор нафар расид

Ба тафсили хабаргузории RT, танҳо ба як узви оила дар ин музофот  иҷозат дода мешавад, ки ду рӯз пас барои ҳамагӣ 2 соат барои хариди  маводи хӯрок аз хона берун равад. 

Зимнан, раиси шаҳри Пекин қабл аз эълони реҷаи хонашинӣ иқрор шуд, ки аксари шаҳрвандони Чин ҳамоно аз вируси COVID-19 осебпазиранд ва эҳтимоли авҷ гирифтани мавҷи дуввуми эпидемия мавҷуд аст.

Аллакай 34 ҳолати мубталошавӣ ба вируси COVID-19 ошкор шудааст, менависад NSN.

Bloomberg қайд мекунад, ки дорухонаҳои музофотӣ  фурӯши доруҳои зидди силро қатъ кардаанд, то сокинони маҳаллӣ нишонаҳои коронавирусро пинҳон карда натавонанд ва ба худдармонӣ низ машғул нашаванд.

Барчаспҳо:
маризӣ, Чин

Мавзӯъҳои асосӣ