5 - сония “ҷанг” бо коронавирус: ихтироъи дастгоҳи безараргардонӣ дар Хуҷанд

© Sputnik Фазлиддин Ахмедов и его необычная кабина для дезинфекции от коронавируса
Фазлиддин Ахмедов и его необычная кабина для  дезинфекции от коронавируса - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳри Хуҷанд дастгоҳеро ихтироъ кардаанд, ки барои муборизаи беамон бо вируси корона пешбинӣ шудааст. Ин дастгоҳи безараргардонӣ имкон дорад дар 5 - сонияи “ҷанг” вирусро кушад

ДУШАНБЕ, 19 май – Sputnik. Таҷҳизоти безараргардонии гардон ё мобилӣ истеҳсоли кадом як корхонаи саноатӣ набуда, балки маҳсули заҳмати сохтмончии моҳир Фазлиддин Ахмедов аст.

Ин устои навовар дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, тамошои як филм барояш шавқу маҷоле дод, то ба коре машғул шавад, ки аз самараи он вируси короно ба нобудӣ бирасад.

“Дар филмҳо мебинед, ки одамҳо дар вақти парвоз ба кайҳон (космос) сарулибоси худро дар дохили кобинае безарар гардонида, баъд ба берун мебароянд. Идеяи сохтани дукончаи безараргардонии сайёр аз ҳаминҷо дар зеҳни ман хутур кард. Ғайриинтизор бемории коронавирус дар миқёси ҷаҳон доман паҳн кард ва дар ин шабурӯз давлатҳои дунё аз рӯи имкони худ барои нестшавии он мубориза мебаранд, аз ҷумла кишвари мо Тоҷикистон. Мо ҳам барои сохтани ин дастгоҳи шурӯъ кардем, то каме бошад ҳам дар мубориза бо пандемияи COVID -19 саҳми худро гузорем”, зикр кард Ахмедов.

Дастгоҳи безараргардонии сохтаи ин соҳибкор аз 2, 2 метр баландӣ ва 1, 2 метр бари тахтагин иборат буда, инчунин як бушкаи (бачок) 33 литраи дорои маҳлули безараргардонӣ (антисептический хлор) дорад, ки баробари ворид шудан ба дохили он, дар фосилаи 5 сония кори безараргардонӣ аз вирус ба иҷро расонида мешавад.

Антисептик - Sputnik Тоҷикистон
Ихтирои дастгоҳ барои коронавирус: дар 15 сония безарар мегардонад - видео

Ахмедов мегуяд, дар вақти сохтмони ин таҷҳизот сарфаи вақт ва маҳлули зиддиуфунӣ (дезинфекционный средства) ба эътибор гирифта шудааст ва аз ҳамин ҷиҳат ин сохтаи онҳо ба кори дигарон монанд нест, балки фарқ мекунад. “Ҷуммаки маҳлулпошаки худкор (датчик движение) дар 5 сония, пошидани 150 грамм маҳлули зиддиуфуниро ба иҷро мерасонад.

Ин миқдор вақт фикр мекунам барои нафаре, ки сару либосаш аз вирус безарар шавад хастакунанда нест. Мо инро маҳз аз тахта сохтем ба он хотир, ки фирус назар ба оҳан дар чуб камтар мечаспад. Чизи дигар ин, ки ин дастгоҳ гардон (мобильный дезинфеционный кобина) буда имкон дорад аз ҷое ба ҷое кучонида шавад”, иброз намуд ихтироъкор.

Бозгашти коронавирус ба Чин: карантини беш аз 100 миллион сокинони музофоти Сзилин

То замоне, ки ин таҷҳизот дар бемористонҳои Суғд ба кор бурда шавад, истифодаи маҳлули безараргардонии он, аз сӯи мутахассисони идораи беҳдоштӣ, санҷиш ва мавриди тавсия қарор дода шудааст.

Ин соҳибкор таъкид намуд, ки аз моҳи апрел ба ин тараф ба сохтмони ин дастгоҳ ҳамроҳ бо ду рафиқаш машғул аст.

Онҳо баъди мусбӣ арзёбӣ шудани ин корашон аз лиҳози риояи санитарӣ, аввалин дастгоҳи сохтаи худро ба хотири ҳимояи табибон аз ҳуҷуми коронавирус ба беморхонаи клиникавии вилояти Суғд ҳадя кардаанд. Ҳоло чандтои дигар аз офаридаи онҳоро табибон дар бемористонҳо дар шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе ва Исфараву Конибодом истифода мекунанд.

“Ба ҳисоби беморхонаи вилоятӣ, дар таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд ҳам истифода мекунанд. Ду адад дар поликлиникаи шаҳри Конибодом ва ду донаи дигар дар поликлиникаи шаҳри Душанбе фиристодем. Табибон кори дастгоҳи ихтироънамудаи моро хуб қабул карданд ва иброз доштанд, ки ин амали хуб дар камшавии сатҳи сирояти бемориҳои сироятӣ аст”, афзуд ӯ.

© Sputnik Фазлиддин Ахмедов в мастерской
5 - сония “ҷанг” бо коронавирус: ихтироъи дастгоҳи безараргардонӣ дар Хуҷанд  - Sputnik Тоҷикистон
Фазлиддин Ахмедов в мастерской

Фазлиддин Ахмедов гуфт, барои саптиномкунии (патент) таҷҳизоти ихтироънамудааш дархост ирсол намудааст ва умедвораст, ки масъулин аз ин кори онҳо, ки бо мақсади пешгирӣ аз паҳни бемориҳои сироятӣ гуфта мешавад, тарафдорӣ мекунанд.

Ин ҳамсуҳбати мо мегуяд, дар ҳоли дарёфти посухи мусбӣ нақша дорад, ба сохтмони ин гуна таҷҳизотҳои безараргардонӣ дар ҷойҳои гаштугузори одамон аз ҷумла дар назди даромадгоҳ (подъезд) и биноҳои ошёнадори истиқоматӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар шурӯъ кунад.

Бино ба гуфтаи ӯ, дастгоҳи безараргардонии онҳо наздик бо назардошти пардохтҳои андозӣ дувуним ҳазор сомонӣ қиммат хоҳад дошт. Барои хариди масолеҳ ва сохтмони як донаи он, онҳо то се рӯз заҳмат мекашанд.

Мужчина в защитной маске - Sputnik Тоҷикистон
Омори COVID-19 дар Тоҷикистон: 2 фавт ва 205 гирифтори ҷадид

Фазлиддин Ахмедов сокини 37 солаи шаҳри Хуҷанд аст ва мегуяд аз соли 1998 ба ин тараф ба сохтмон ва фурӯши мизу курсӣ ва мебелҳо машғул буда, ғолибан аз ҳамин ҳисоб рӯзиашро дарёфт мекунад.

Ӯ соли 2013 коргоҳи истеҳсоли мебелҳои “Файз” ро дар Хуҷанд дуруст карда ҳамроҳ бо рафиқону шарикдарсони макабиаш кор мекунад. То ин вақт шуморе аз ҷавонон шогирдона вижагиҳои ин пешаро аз вай омӯхта, ҳоло устои чирадаст шудаанд.

Аз ҷумла Рустам Юсупов, ки бар асоси машварати Ахмедов, ҳамин чанд рӯзи пеш маҳорати худро дар сохтани дастгоҳи безараргардонӣ санҷидааст.

“Аз ҷорӣ кардани навъоварӣ дар кори устогӣ ҳамеша хушам меояд ва шавқам ба кор зиёд мешавад”, мегуяд Ахмедов.

Лентаи хабарҳо
0