10:20 21 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.21
  • RUB0.13
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (795)
12884111

Қобилҷон Гиёев, сардухтури Шифохонаи марказии ноҳияи Рашт, ки дар оғози гирудорҳо бо “вируси корона” дар Тоҷикистон як роҳи табобати ғайримаъмул - истифодаи доруи зидди пневмонияи бузҳоро маслиҳат дода буд, тайи як ҳафтаи ахир якбора ғайб зад

ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Фахриддини Холбек. Ғайбати Гиёев овозаву дарвозаи зиёдеро ба вуҷуд овард, аз ҷумла гуфта мешуд, ки табобати ӯ ботил баромадаву ҳоло аз тамос бо мардум фирор мекунад.

Аммо тибқи овозаҳои дигар, ӯ ба Душанбе омада, бо табобати маризон, аз ҷумла мансабдорон машғул аст. Ҳатто дар шарҳу зергуфторҳои шабакаҳои иҷтимоӣ яке ҳам ӯро “аҷали вируси корона” унвон кард.

Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон пас аз як ҳафтаи ҷустуҷӯ Қобилҷон Гиёевро пайдо намуд ва як сӯҳбати кӯтоҳе анҷом дод, ки манзури хонандагон мешавад.

- Қобилҷон, қариб 10 рӯз мешавад, ки ба қавле, аз Шумо на хате, на паёме. Ҳоло куҷоед ва ба чӣ кор машғулед?

Ташаккури зиёд ба онҳое, ки дар фикри мо ҳастанд. Ҳазрати Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мефармоянд, ки “ҳар кӣ моро ёд кард, эзид мар ӯро ёд бод”. Банда бо табобати маризон машғул ҳастам ва имрӯзҳо хеле секорам.

- Дар Ғармед ё куҷо?

13 шабонарӯз мешавад, ки дар шаҳри Душанбе ҳастам ва бо табобати маризон машғулам.

- Шумо сардухтури шифохонаи Раштед. Оё он ҷо “вируси корона” нест?

- Дар Рашт, хушбахтона, хатари ин маризӣ ба ҳадди сифр наздик омадааст. Чун аз мо даъват шуд, ки ба марказ оем, онро пазируфтем.

- Хуб, дар бораи доруи Шумо суҳбат кунем, ки дар борааш гапу ҳарфи зиёд аст...

- Ба забони сода гӯям, ин як доруи хуб аст ва таъсири хуб дорад. Вақте мегузаронӣ, ду соат пас беҳбудӣ мешавад. Ҳолате буд, ки бовар накунед, наворҳояш ҳастанд, хоҳед мефиристам, мебинед, маризро аз таги кислород ҳам берун овардем...

- Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин гуфтугузорҳо низ буданд, ки доруҳои Шумо агар як маризиро сиҳат кунанд, маризии дигарро ба вуҷуд меоранд?

- На, шояд нодуруст фаҳмидаанд. Ман чӣ истифода мекунам? Пенитсилин, ки аворизи ҷонибӣ (побочное явление) надорад, ҳатто барои занони ҳомила истифода мешавад ва стрептамитсин, ки агар бисёр истифода баред, асабонияти шунавоӣ (слуховой неврит) – ро ба вуҷуд меорад. Агар онҳоро бо витаминҳо истифода кунем, ягон таъсири манфӣ надорад. Дигар ин, ки дар муқобили таъсири манфии ин доруҳо боз доруҳои дигар ҳастанд ва онҳо маризиро пурра бартараф хоҳанд кард.

- Доруҳое, ки Шумо алайҳи “вируси корона” истифода мекунед, аз он доруҳое, ки дар таҷрибаҳои давлатҳои дигар истифода мешаванду ҳоло сафҳаҳои интернетиро пур кардаанд, фарқ доранд?

- Бале, аз замин то осмон фарқ доранд. Ҳоло он чӣ ки ба духтурони ҷаҳон машварат дода мешавад, истифодаи интрамитсин, левофлоксатсин мечакконанд, чаккак мемонанд, доруҳои зиддивирусӣ ва ҳормониро истифода мебаранд. Як чиро бигӯям, дар дунё ҳанӯз доруе ба вуҷуд наомадааст, ки махсуси ҳамин гуна микроб ё вирус бошад...

- Шумо ин табобатро аз куҷо пайдо кардед?

- Дар як китоб хонда будам. Соли 1983 дар шаҳри Маскави Русия “вируси корона” – и бузҳо омада буд. Ҳамин доруҳоро истифода бурда, сиҳат ёфта буданд. Сохтори бадани инсону ҳайвон аз лиҳози анатомӣ, физиологӣ ва гистологӣ монанд ҳастанд, аз ин хотир, ин таҷрибаро мо ҳам ба кор бурдем ва то ҳозир муваффақ будем.

- То ба ҳол чанд нафар аз табобати Шумо шифо ёфтаанд?

- Худоро шукр, беш аз 1000 нафарро таҳти табобат гирифтам ва ба фазлу муъҷизаи Худованд шифо ёфтанд. Ва на фақат дар Тоҷикистон. Аз Русия муҳоҷирини корӣ аз шаҳрҳои Красноярск, Екатеринбург, Братск ва ғайра занг зада, маслиҳат пурсиданд. Ба онҳо низ тавсияҳо додем ва хабар медиҳанд, ки ҳамагӣ сиҳат ёфтаанд.

- Вақте Шуморо гум кардем, ба ин маънӣ, ки тилфони дастиатон хомӯш буд ва ҳеҷ кас ҳам суроғаи Шуморо дақиқ намедонист, ин овозаҳо пайдо шуданд, ки Шуморо ба Душанбе овардаанд ва ин ҷо ба табобати мансабдорон машғулед. Оё ин овозаҳо дурустанд?

- Барои табиб фарқе надорад, ки мариз кӣ аст. Афроди зиёдеро табобат кардам, намедонам чӣ вазифаву мансаб доштанд. Ҳоло хушии ман фақат ин аст, ки кӯмакам ба мардуми азизам мерасад. Фақат як мисол меорам: як нафарро дар ҳолати ниҳоят вазнин ва ноумедӣ таҳти табобат гирифтем. Шукри Худо, ду рӯз баъд сиҳат ёфт, ба хӯрдану ҳарф задан шурӯъ кард. Шояд ягон вақт худашон қисса кунанд. Аммо ҳамоно шифову бақои умри инсон ба дасти Худост. Мо ҳамон фарзандону пайравони Ибни Сино, кадрҳои замони истиқлол ва Пешвои миллатем.

- Вақте мегӯед, доруи Шумо таъсири хуб дорад ва ба ин зудӣ сиҳат мебахшад, чаро васеъ дар тамоми шифохонаҳои кишвар истифода намекунанд?

- Ҳоло ба усули мо дар се вилояти кишвар, ки вазъи сиҳӣ хароб шуда буд, истифода мебаранд. Дар Душанбе ин таҷрибаро дар шифохонаи марказии сироятӣ, “Истиқлол”, гастерэнталогия, дар умум аксари шифохонаҳо ба кор бурда истодаанд.

- Аммо ба ин қадар мариз чӣ тур вақт пайдо мекунед?

- Охир, як моҳ шуд. Дар ин муддат чанд шогирд тайёр кардем. Онҳо ба табобат машғуланд, ҳар мушкиле пеш омад ё маслиҳате зарур шуд, ҳатман ба онҳо кӯмак мекунам. Аммо дар умум, ҳамаи маризон таҳти назорати худам ҳастанд.

- Ҳоло дар кишвар “вируси корона” бедодгарӣ дорад. Чӣ кор бояд кард, ки ҳамин табобати муассири Шуморо истифода бурд?

- Мо бояд ин табобатро ба як низом дарорем. Вақте аломати беморӣ пайдо мешавад ва ҳам дар ҳолатҳои миёна, миёнаи вазнин, вазин ва ниҳоят вазнин бояд чӣ бояд кард? Мо аввал бояд ба маслиҳатҳои Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино, олими ҷаҳоншумули худамон кор кунем.

Он кас дар ҳолатҳои омадани маризиҳои сироятӣ, ки дар қадим ба вабо маъруф буд, чӣ кор мекарданд? Масалан, аввалин маслиҳаташон ин буд, ки қабристони алоҳида бояд бошад. Дуюм, маризҳо бояд мураттабсозӣ ё сортировка шаванд.

Масалан, маризе, ки дар ҳолати миёна аст, набояд дар канори маризи бо ҳолати вазнин ё ниҳоят вазнин табобат шавад. Вазъи аввалӣ аз дидани вазъи дуввумӣ метавонад ба тарафи манфӣ гароиш ёбад. Ҳамин тавр, боз дигар маслиҳатҳои он бузургвор, пири табибони тоҷик ва ҳам Закариёи Розӣ бояд сармашқ қарор гиранд ва аз таҷрибаҳои ҷаҳонӣ низ истифода шавад.

- Ба унвони охирин, аммо як суоли нобоб: оё барои табобат музд мегиред?

Бале, миллионҳо... дуо! Фақат аз онҳо як чӣ мехоҳам, ки дар ҳаққи ману дигар маризон дуо кунанд, то ҳар чӣ зуд мардуму миллати азизи Тоҷикистон аз ин маризӣ шифо ёбанду пушти кору бори зиндагӣ шаванд. Банда аз ягон чиз камбудӣ ва ниёз ба пул, мол, хона, мошин ва вазифа надорам. Шояд ҳамин савоб камтар буд, ки Худованд насибам кард...

Самаранокии истифодаи доруи байторӣ исбот нашудааст ва ба рӯйхати доруҳое, ки духтурон тасдиқ кардаанд, дохил карда нашудааст. Истифодаи он бидуни машварат бо духтур метавонад ба саломатии шумо зиён расонад.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (795)
Барчаспҳо:
дору, вирус, табобат, табиб, Ғарм, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ