15:52 06 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
408 0 0

Вилояти Бухоро аз панҷумин минқаҳои Ӯзбекистон аст, ки пас аз Ҷиззах, Қашқадарё, Фарғона ва Сурхондарё дар он коронавирус пурра маҳв шуд

ДУШАНБЕ, 23 май – Sputnik. Бино ба иттилои Вазорати тандурустии ин кишвар, дар Бухоро рӯзи гузашта аз  442 бемори дар минтақа сабтшуда ду нафари охирин пас аз шифоёбӣ мураххас шудаву ба барқароршавӣ фиристода шуданд.

Ба иттилои манбаъ, Бухоро аз панҷумин бинтақаҳое шуд, ки дар он коронавирус пурра маҳв карда шуд.

Қаблан вилоятҳои Ҷиззах, Қашқадарё, Фарғона ва Сурхондарё ин хушхабарро эълон карда буданд.

Бар пояи маълумотҳои ахир шумори шифоёфтагон аз коронавирус дар ин кишвар ба 2438 нафар мерасад.

Теъдоди мубталоён ба 3006 ва фавтидагон аз ин беморӣ ба 13 нафар мерасад.

Гуфта мешавад ҳоло 586 бемор табобат мегиранд ва аз онҳо вазъи 4 нафар вазнин арзёбӣ мешавад.

Вазорати тандурустии Ӯзбекистон субҳи имрӯз сабти 42 ҳолати мубталошавӣ ба коронавирусро сабт кардааст, ки ҳаммаи он аз хориҷ аз ҷумла ду нафарашон аз Тоҷикистон ворид гаштаанд.

Ба иттилои манбаъ 38 тан беморони сабтшуда муҳоҷирини ӯзбекистонӣ мебошанд, ки ахиран аз шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба ватан бурда шудан.

Ду бемори дигар бошад ронандагони мошинҳои боркаши калон будаанд, ки аз Қазоқистон омадаанд.

Барчаспҳо:
табибон, пирӯзӣ, табобат, Бухоро, маризон, омор, Ӯзбекистон

Мавзӯъҳои асосӣ