10:09 29 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.35
  • RUB0.14
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
222 0 0

Дар ноҳияи Мастчоҳ давоми беш аз бист рӯз 73 мавриди сирояти бемории “илтиҳоби шуш” ба таври расмӣ сабт шуда, аз ин теъдод 60 нафар шифо ёфта танҳо 1 нафар даргузаштааст. Дар ҳоли ҳозир 12 нафар дар бемористони ноҳия зери муроқибати духтурон табобат мегиранд

ДУШАНБЕ, 23 май – Sputnik. Муродуллоҳ Почозода, масъули матбуотии ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин омор зимни баргузории ҷаласаи Ситоди ноҳиявӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо бемории COVID -19 ироа карда шудааст.

“Ба санаи 21 майи соли 2020 аз 73 нафар сокинони ноҳияи Мастчоҳ, ки бо нишонаҳои “илтиҳоби шуш" бистарӣ гардидаанд, 60 нафар пурра шифо ёфта, ба хонаҳои худ баргаштанд. Мутаассифона дирӯз як ҳолати фавт аз ин беморӣ дар ноҳияи сабт шуд”, -гуфт Почозода.

Бино ба гуфти ӯ, нафари фавтида,  зани 66-сола, сокини ҷамоати деҳоти Палдорак будааст.

Ҳамсуҳбати мо афзуд, то бегоҳии рӯзи 23-юми май, шумори гирифторон бетағйир монда, ба ин тартиб мавриди фавт ҳам танҳо як ҳолат ҳисоб мешавад.

Ахиран раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар як ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо бемори COVID – 19, ба роҳбарону масъулини соҳа дастур дод, ки дар ин бора ҳеҷ чизро аз мардум пинҳон накунанд, балки кушоду равшан маълумотро барои аҳолӣ пешкаш намоянд.

“Ин бемориро ҳукумати ҷумҳурӣ насохтааст, балки дар ҳама ҷо, ҳатто давлатҳои пешрафтаи дунёро ҳам ин маризӣ сироят кардааст”, - гуфт раисиҷумҳур.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, рӯзи 30-уми апрел нахустин бор аз гирифтории 15 сокини кишвар ба бемории коронавирус хабар дода буд. Бино ба оморе, ки рӯзи 22 - уми май ин Вазорат эълон кард, теъдоди умумии шифоёфтагон ба 1089 нафар баробар шуда, феълан 2551 бемор дар кишвар зери тадовии табибон қарор доранд. Вазорати тандурустӣ теъдоди қурбониён аз ин бемориро то ин сана 44 нафар арзёбӣ мекунад.

Мавзӯъҳои асосӣ